Ҳамеша бо ёди Тоҷикистон. Хотираи неки актёри руси зодаи Душанбе Владимир Танигин
10-уми сентябри соли равон Ҳунарпешаи шоистаи Русия Владимир Танигин, ки зодаи Тоҷикистон буд ва солҳо дар саҳнаи Театри давлатии русӣ-драмавии ба номи В. Маяковскийи шаҳри Душанбе фаъолият дошт, баъди бемории тӯлонӣ дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт.
Владимир Танигин 31-уми январи соли 1950 дар шаҳри Душанбе дида ба ҷаҳон кушодааст. Соли 1972 баъди хатми Омӯзишгоҳи театрии шаҳри Саратов ба Тоҷикистон баргашт ва то соли 1991, яъне то замони фурӯ пошидани СССР ба ҳайси ҳунарпеша дар Театри русии драмавии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе кор кард ва дар ин саҳна беш аз 30 нақши хурду бузургро бо маҳорати баланд иҷро намуд. Аз ҷумла, Алексей аз «Рӯз ба хайр»-и В. Розов, Никита аз «Ҳукмронии торикӣ”-и Л. Толстой, Тузнебах аз “Се хоҳар”-и А. Чехов, Иван Бездомный аз “Устод ва Маргарита”-и М. Булгаков, Мизоҷ аз «Охирин мизоҷ»-и В. Дозорсев, Леон де Сан Пе аз “Генералҳои доманпӯш”-и Ж Ануй, Оберон аз “Хоби шаби тобистон”-и В. Шекспир ва ғайра. Муваффақияти ӯ асосан дар спектаклҳои ду режиссёри бузурги театри русии Душанбе Р. И. Нагорничных ва Н. К. Децик ба даст омадаанд.
Танигин ҳамчунин ҳунарнамоии худро дар кино аз Душанбе оғоз карда, дар филми сесериягии “Ҳодиса дар фурудгоҳ” нақш бозидааст.
Танигин аз шумули онҳое буд, ки бо оғоз шудани ҷанги шаҳрвандӣ тарки Тоҷикистон кард, вале ҳамеша дар ёди Ватан буд. Дар мусоҳибаҳояш ва дар шабакаҳҳои иҷтимӣ бо муҳаббат ёди Душанбе ва Театри Маяквоский мекард. Вақте бинои ин театр дар Душанбе тахриб мешуд, навишта буд: “Ҷигарам хун аст… хотираҳоям аз байн мераванд…”.
Ҳамсари Владимир Танигин — Ангелина Ноздрина, ки феълан ҳунарпешаи Театри драмавии Вологда аст, низ зодаи Душанбе мебошад ва замоне актрисаи Театри ба номи Маяковский буд. Ӯ духтари Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ноздрин Евгений Николаевич аст.
Пас аз ҷилои Душанбе Танигин 5 сол — солҳои 1991-1995 дар Театри драмавии Оренбург ба номи Горкий фаъолият мекунад. Солҳои 1995 -1996 дар саҳнаи Театри дарамавии Красноярск ба номи Пушкин ва солҳои 1996-2000 дар Театри драмавӣ-мазҳакавии «Галерка»-и Омск кор кардааст. Аз соли 2000-ум ба Театри драмавии шаҳри Вологдаи Русия гузашт. Раёсати театр бо нашри хабари марги ин ҳунарманд навишт: “Имрӯз Ҳунарпешаи шоистаи Русия Владимир Танигин аз дунё рафт. Ӯ беш аз 20 сол ҳунарпешаи пешсафи Театри драмавии Вологда буд ва дар саҳнаи ин театр даҳҳо нақшро иҷро карда буд. Ӯ дар ёди тамошобинон аз ҷумла бо нақшҳои Клеант дар намоишномаи “Тартюф”, Мероб аз “Арӯс аз Имеретия”, руҳи падар дар “Ҳамлет”, гертсоги Йорк дар “Ричарди Сеюм”, Гаев дар намоишномаи “Олучазор” (“Вишневый сад”) нақш бастааст”.
Ёдовар мешавем, ки Танигин ҳамчунин дар чандин филми Русия нақшофарӣ кардааст, аз ҷумла дар “Ҳамлет” ва сериали машҳури “Глухар”. Барои хизматҳояш дар соҳаи санъати рус Владимир Танигин соли 2016 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Русия қадрдонӣ шуд.
Маросими видоъ бо ҳунарпеша рӯзи 13-уми сентябр баргузор шуд.
Ёди ҳунарманд ба хайр!
Д. ҚОДИРПУР, журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ