Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Русия тақвият меёбад
Дар шаҳри Москва ҷаласаи мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.
Дар ин хусус Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Русия тақвият меёбад.
Ҳамчунин, дар самти такмил додани ҳамкорӣ байни воҳидҳои тафтишотии вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду ҷониб, пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳо вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, омодасозӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрҳо таклифҳои судманд пешниҳод шуданд.
Дар идомаи ҷаласа нақшаи кори вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия барои соли 2025 тасдиқ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Дар ҷаласа нақшаи ҳамкорӣ оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масоили мубрам мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ