Ҳамкории милитсияи пойтахт бо театр

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Ҳадаф аз имзои ин санад рушди робитаҳои фарҳангӣ ва ҷалби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба санъати театрӣ мебошад.

Дар асоси меморандум, кормандони мақомоти милитсияи пойтахт бештар ба намоишномаҳо ҷалб карда мешаванд. Инчунин, ин иқдом барои тақвияти ҳамкорӣ байни ниҳодҳои фарҳангӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии санъати театрӣ равона шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image