Ҳамкории олимони ДМТ ва Русия дар самти ҳифзи пиряхҳо
Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо бо мутахассисони Донишгоҳи Томски Русия ҳамкорӣ ба роҳ монда, методологияи ҳифзи пиряхҳоро таҳия кардаанд.
Дар ин бораи Илёс Ғаффорзода муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба робитаҳои байналмилалӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
“Феълан олимони Донишгоҳи мо дар ҳамкорӣ бо олимони Донишгоҳи Томск методологияи ҳифзи пиряхҳоро дар конструксияи нав таҳия карда ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ирсол кардаанд. Ҳоло 8 нафар мутахассисон аз Донишгоҳи Томск дар Тоҷикистон ҳастанд ва бо мутахассисони мо табодули академӣ доранд” – гуфт, номбурда.
Илёс Ғаффорзода хабар дод, ки соли 2023 ДМТ бо 40 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ бастааст. Ҳоло 317 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар ДМТ таҳсил мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ