Ҳамла ба муфтӣ. Ҷинояткорро 7 соли зиндон интизор аст

Ба фарде, ки ба раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кардааст, аз 5 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар ин бора хабаргузории РИА «Новости» бо такя ба як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон менависад.

Ҳамлагар ба авбошӣ айбдор мешавад.

«Дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаи 237-и Кодекси ҷиноятӣ («авбошӣ») парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст»,- менавсад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода 11-уми сентябр баъди намози аср сурат гирифт.  

Ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, “як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ ба бадани муфтии Тоҷикистон Абдулқодирзода Саидмукаррам бо асбоби халандаю буранда зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуд”.

“Дар натиҷа Абдулқодирзода ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта, баъди ташхиси духтурон ба ҷойи зисташ гуселонида шуд”,- омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, ҳангоми андешидани чорабиниҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ ҷинояткор саривақт дастгир карда шуд, вале ҳувияти ӯ ошкор карда намешавад. Ҳоло вазъи саломатии  Саидмукаррам Абдулқодирзода хуб аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *