Ҳамла ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон

Имрӯз, 11 сентябр, соати 17:20-дақиқа, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ баъди намоз дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба бадани раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Абдулқодирзода Саидмукаррам бо асбоби халандаю бурранда зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуд.

Ҳангоми андешидани чорабиниҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ ҷинояткор сари вақт дастгир карда шуд.

Абдулқодирзода С. дар натиҷаи авбошӣ аз тарафи ҷинояткор ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта, баъди ташхиси духтурон ба ҷойи зисташ гуселонида шуд.

Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар ин бора сомонаи Вазорати корхои дохилии Тоҷикистон хабар додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *