Бобоҷон Меҳтоҷиён

Ҳамлаи авбошон ба корманди «Тоҷикфилм»

Бобоҷон Меҳтоҷиён, филмсози тоҷик, ки ҳоло дар киностудияи “Тоҷикфилм” фаъолият мекунад, мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Ӯ 25-уми декабри соли равон дар саҳифаи “Фейсбук” хабар дод, ки ахиран дар наздикии ҷои кораш ҳадафи ҳамлаи авбошона қарор гирифтааст, аммо бо гузашти беш аз як ҳафта то ҳол нафарони гунаҳкор дастгир нашудаанд.

Бобоҷон Меҳтоҷиён, ки ҳамзамон журналист асту пештар дар ТВ “Сафина” фаъолият дошт, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостааст, ки қазияи ӯ мӯшикофона таҳқиқ ва гунаҳкорон дастгир карда шаванд.

Ӯ менависад, ҳоло дар вазъе қарор дорад, ки бодҳои андеша оҳиста-оҳиста аз зеҳнаш боварӣ ба ибораҳои “Душанбе — шаҳри ором” ва “Душанбе — шаҳри бехатар”-ро дур карда истодаанд.

“Зеро дар гӯшаи ин шаҳр як шоме хона мерафтам, тақрибан 800 метр аз ҷои корам дуртар шуда будам. Ногуфта намонад, ки маҳали кориям ҳамагӣ 2,5 километр аз маркази шаҳр дур аст. Ба пуштам назар кардам, ки шабаҳи одаме дар торикӣ аз дур пайдо шуд, ки ба ҳамин роҳи ман меомад ва ду нафари дигар ҳам қад-қади роҳи мошингард баробари он шабаҳ меомаданд. Фикр кардам раҳгузаранд, вале на. Ҳис кардам, ки онҳо маро таъқиб доранд. Баробари дар паҳлуям рост шудан, маълум шуд, ки он шабаҳи ҷавонест, ки тақрибан 20-25-сола аст ва дар пушти сараш камтар мӯй давондааст. Дар як даст сигор дошт ва дасти дигарашро дар ҷайби курткаи ҷигарӣ гузошта буд. Дар паҳлуям рост шуд ва савол кард: “Куҷо меравӣ?”. Гуфтам: “Хона меравам”. Дар баробари саволу ҷавоби дубора чунон маҳкам ба чашми ростам зад, ки дигар чизеро надидам. Аз биниям хун ҷорӣ шуд. Аллакай дуи дигар ҳам омада пешамро гирифта буданд. Дар ҳолати шок ва изтироб насиҳати Брюс Лиро ба ҷо овардам. Яъне фирор кардам. Ба сӯи корхона. Онҳо маро таъқиб мекарданд. Поёнтар раҳгузарон рафтуомад доштанд ва касе аҳамияте ҳам намедод, ки чӣ гап аст. Ҳама аз дидани ин манзара кӯшиш мекарданд бетараф бошанд. Дунёи бераҳм…”,- нақл мекунад Бобоҷон Меҳтоҷиён.

Ӯ мутмаин аст, ки лаҳзаи фирораш бояд дар камераҳои “Шаҳри бехатар” сабт шуда бошад. Баъди аз чанголи он авбошон раҳо шудан Меҳтоҷиён ба мақомоти милитсия занг задааст, вале бо гузашти беш аз як ҳафта, ба қавли маъруф, “на пай асту на Ҳайдар».

Меҳтоҷиён рӯзи дигар барои ташхис ба бемористон рафтааст ва духтур гуфтааст: “Худо раҳматро хӯрдаасту зарба рост ба чашм нарасидааст. Вагарна чашмат дигар намедид”.

Бобоҷон Меҳтоҷиён менависад, ин суол ӯро азият медиҳад, ки “чаро маро заданд ва барои чӣ? Шояд ба корам рабт дошт ё магар ба касбам, ки дипломи рӯзноманигорӣ дорам ва ё онҳо авбоше беш набуданд. Хулоса, то ба ҳол ин саволҳо зеҳнамро ором намегузоранд. “Аблаҳе гар аз бом биафтад, гардани мо бишканад” гуфтаанд. Инак беш аз як ҳафта мешавад, ки дар ба дари беморхонаҳоям ва кормандони тиб ҳолати «рӯсурхиам»-ро дида, аз ман ибо мекунанд. «Духтур», «дору», «харидани дору», «роҳ», «чанд пул мешавад?», «кай биоям?», «эҳтиёт кунед» — ин аст он ҳама ташвиши ман тӯли ин муддат…”.

Ӯ меафзояд, ки ҳолати ҷисмонияш кам-кам ба эътидол омада истодааст, вале ҳолати равониаш ҳанӯз ҳам хуб нест ва чашми зарбхӯрдааш ҳоло ҳам хира мебинад, зеро зарбаи сахт ба мардумаки чашм таъсири худашро расонидааст.

Филмсози тоҷик мегӯяд, ки агар ҷилави ин гуна авбошон сари вақт кашида нашавад, шояд ҷони даҳҳо тани дигар дар хатар монад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *