Ҳамлаи ИМА ба неруҳои Эрон. Ҷо Байден киро метарсонад?
Ситоди фармондеҳии марказии артиши Амрико эълон кард, ки пойгоҳҳои ниманизомиёни мавриди ҳимояти ҳукумати Эрон дар Сурия ҳадафи ҳамлаи ҳавоии артиши ИМА қарор гирифтааст.
Ин ниҳод дар хабарномае гуфтааст, ки неруҳои артиши Амрико бо дастури Ҷо Байден, раиси ҷумҳури ИМА «ҳамлаи ҳавоии дақиқе»-ро дар Дейр Аз-Зур анҷом додаанд.
Тибқи ин хабар, ин ҳамлаҳо рӯзи сешанбе анҷом шуд ва ҳадаф аз он «дифоъ ва муҳофизат аз неруҳои амрикоӣ дар баробари ҳамлаҳои монанд ба ҳамлаи 15-уми август алайҳи кормандони амрикоӣ аз сӯи гуруҳҳои мавриди ҳимояти режими Эрон буд».
Пеш аз ин расонаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла хабаргузории «Рейтерз» гузориш дода буданд, ки як муҷтамаи низомии неруҳои эътилоф бо раҳбарии ИМА дар Сурия ва неруҳои мухолифи ҳукумати Башор Асад, ки аз сӯи Амрико ҳимоят мешаванд, 15-уми августи ҳадафи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин қарор гирифт, аммо талафоте дар пай надошт.
Дар хабарномаи Ситоди фармондеҳии марказии артиши Амрико гуфта нашудааст, ки оё ҳамлаи рӯзи сешанбе талафоте дар пай доштааст ё не. Танҳо гуфта шудааст, ки дар ин ҳамла «зерсохторҳои пойгоҳҳои мавриди истифодаи ниманизомиёни вобаста ба Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон» мавриди ҳамла қарор гирифт.
Ситоди фармондеҳии марказии артиши Амрико дар ниҳоят таъкид кардааст, ки «ИМА ба дунболи даргирӣ нест, аммо ба чораҳои лозим барои муҳофизат ва дифоъ аз мардуми худ идома хоҳад дод».
Тибқи гузоришҳо, то кунун ҳукуматҳои Эрон ва Сурия ба ин ҳамлаи Амрико ба Дейр Аз-Зур вокуниш нишон надодаанд. Дар солҳои ҷанги дохилии Сурия ҳукуматҳои Эрон ва Русия аз ҳукумати Башор Асад ҳимоят мекарданд ва Туркияву кишварҳои ғарбӣ аз мухолифони режими Димишқ.
Дейр Аз-Зур — яке аз вилоятҳои стратегӣ дар ҳамсоягии Ироқ қарор дорад ва дар он майдонҳои нафтӣ вуҷуд доранд. Гуруҳҳои ниманизомии мавриди ҳимояти Эрон ва неруҳои Сурия назорати ин минтақаро дар даст доранд ва чандин бор ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил қарор гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ