Ҳамлаи террористӣ дар Вена

Шоми 2 ноябр якчанд марди мусаллаҳ дар шаш минтақаи гуногуни Вена баробар оташ кушоданд.

Дар натиҷаи тирандозӣ дар Вена, чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд. Дар ин бора Карл Неҳаммер, вазири корҳои дохилии Австрия дар эфири шабакаи телевизионии ORF хабар дод.

Вай шумораи дақиқи кушташудагон ва захмиёнро нагуфт. Қаблан, полис расман дар бораи як қурбонии терроризм ва як корманди маҷрӯҳшуда хабар дода буд. Бино ба гузориши расонаҳо, 7 нафар кушта шудааст.

«Мо тавонистем як террористи мусаллаҳро, ки бо сиоҳи автоматӣ мусаллаҳ буд, нест кунем. Тибқи иттилооти ҳозираи мо, ҳадди аққал як ҷинояткор дар ҳоли фирор қарор дорад”илова кард Наҳаммер.

Шоми 2 ноябр якчанд марди мусаллаҳ дар шаш минтақаи гуногуни Вена баробар  оташ кушоданд. Тирҳои аввал соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (22:00 ба вақти Маскав) ба канисаи яҳудиён дар маркази пойтахт садо доданд. Кормандони амниятӣ тавонистанд яке аз ҳамлагаронро парронанд, баъдтар чаҳор нафар боздошт шуданд. Вазорати корҳои дохилии Австрия мегуяд, ки ҳодиса ҳамлаи террористӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *