Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Амонатбонк (аксҳо)
Бахшида ба 30- солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” конференсияи илмию амалӣ доир гардид.
Дар конференсияи мазкур олимону академикҳо, ҳуқуқшиносони шоистаи Тоҷикистон, намояндагон аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони “Амонатбонк” ширкат варзиданд.
Нахуст конференсияро муовини Раиси Раёсати Бонк Сафарзода Р.С. оғоз бахшида, иброз дошт, ки Конститутсия санади асосиест, ки ҳадафи он таъмин намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, пойдории адолату қонун ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Зикр гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон 30 сол муқаддам, яъне 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ санади волои миллии худро қабул намуд ва тавассути ин дастоварди олӣ, Тоҷикистон барои гузариш ба марҳалаи нави рушд, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ