Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ДДОТ

2 юми ноябр ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоили таърихи пайдоиш ва нақши он дар рушди падидаҳои давлату ҳуқуқ» доир гардид.

Тавре ки Ҳабибулло Сатторӣ,сухангӯи ДДОТ ба номи С.Айнӣ хабар дод, семинари мазкурро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки рӯзгори инсонҳо пуршебу фароз, пургиреҳ ва омехта ба азму талошҳои фаровон буда, одамон дар раванди истеҳсолот, муносибатҳои мухталифи байни ҳамдигар ва муоширату ҳамкорӣ ба омилҳои зиёде дучор меоянд ва аксаран ин ҳолат барои онҳо мушкилоти фаровон эҷод менамояд. Нерӯи тавоное, ки дар зиндагӣ инсонҳоро мададгор мешавад, фаъолияташонро ба низом медарорад ва уқдаҳои мушкилотро во месозад, маҳз маҷмӯи қонунҳост. Тавлиди қонунҳо ва қонунгузорӣ дар зиндагии одамон таърихи дерин дорад, таърихе, ки решаҳои он аз қаъри асрҳо об мехӯрад.

Дар идомаи семинар доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Эмомалӣ Буризода дар мавзӯи «Ғояҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии давлатдории тоҷикон, конститутсионализм ва нақши он дар таҳия ва такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Азиз Диноршо дар мавзӯи «Танзими муносибатҳои иқтисодӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.

Сипас, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Раҷабмоҳ Қосимова дар мавзӯи «Конститутсия-раҳнамои давлати соҳибистиқлол» маърӯза намуда, изҳор дошт, ки халқи бостонии тоҷик ифтихор аз сарқонуни кишвар дорад. Чунки он дастгиру раҳнамо ва такядору ҳимоятгари ӯ буда, ба мисли хуршеди дурахшонест, ки имрӯзу фардои миллатро равшанӣ мебахшад. Бинобар ин, ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, бояд ин санади муқаддасро эҳтиром намоем ва онро азизу муътабар донем.

Дар қисмати фарҷомини семинар дастаи ҳунарии «Чеҳранамо»-и донишгоҳ бо пешниҳоди барномаи фарҳангии ҷолибу рангин ба қалбҳои тамошобинон ва меҳмонони толор фараҳ бахшид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *