Ҳамоиш дар назди сафорати Тоҷикистон ғайриқонунӣ буд

Ҳамоиши эътирозии рӯзи ҷумъа дар шаҳри Маскав ғайриқонунӣ буда, бо ҷалби пулис пароканда шуд, хабар дод манбаъ дар Сафорати Тоҷикистон дар Маскав.
Ба иттилои масъули намояндагии дипломатии Тоҷикистон, даъватҳо ба ҳамоиш дар масҷид дар хиёбони Мир садо додаанд ва гуруҳе дар пайи ин даъватҳо сӯи бинои сафорат раҳсипор шудаанд.
Сабаби ин ҳамоиш депорти Иззат Амон, фаъоли ҷамъиятӣ, аз Русия ва боздошташ дар Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Манбаъ афзуд, ки ҳудуди 150 нафар дар ин ҳамоиш иштирок доштанд, ки ин амалашон ғайриқонунӣ буд.
“Мардум бояд донанд, ки барои гузарондани митинг иҷозатнома гирифтан зарур аст. Иштирокдоронро бидуни зӯроварӣ боздошт ва ба мошинҳои милиса бор карданд. Касе осеб надид. Акнун онҳоро барои митинги ғайриқонунӣ муҷозот интизор аст”, — изҳор дошт мақомдори сафорат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Масъули Сафорат таъкид кард, ки масҷид ҷои намоз аст, на даъватҳои сиёсӣ ва аз мардум хост ба иғвоҳо дода нашаванд. Ӯ ҳушдор дод, ки иштирок дар ҳамоишҳои ғайриқонунӣ муҷозот ва депорт дар пай дорад. Қонунгузории маъмурии Русия барои иштирок дар ҳамоишҳои ғайриқонунӣ ҷаримаю ҳабс ва хориҷ кардан аз кишварро пешбинӣ намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *