Ҳамоиши илмӣ вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар ДМТ

Имрӯз, 14 июн  дар доираи эълони соли 2024 — Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар густариши маърифати ҳуқуқии ҷомеа» баргузор гардид.

Дар конференсия муовини Сарвазири  мамлакат Дилрабо Мансурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ профессор Зариф Ализода, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, вазири адлия Музаффар Ашуриён, директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ», профессор Абдураҳим Холиқзода ва директори Маркази қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода дар оғози конференсия гуфт, ки баррасии мавзӯи мазкур баҳри баланд бардоштани маърифатии ҳуқуқии устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ мусоидат намуда, дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди қабули қонуни асосии кишвар – Конститутсия муҳим мебошад.

Гуфта шуд, ки ҳуқуқ моҳияти умумииҷтимоӣ дошта, беистисно ба манфиати ҳамаи одамон хизмат мекунад, ҷиҳатҳои ташкил кардан, ба тартиб овардан, устувор намудан ва инкишоф ёфтани алоқаҳои иҷтимоиро таъмин менамояд.

Ҳамзамон, моҳияти умумииҷтимоии ҳуқуқ ба таври мушаххас дар фаҳмиши он ҳамчун меъёри озодӣ ифода меёбад. Инсон дар доираи ҳуқуқҳои худ озодона амал мекунад ва қонун озодии инсонро аз ҳама гуна амалҳои манфӣ ҳифз менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд ва итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *