Ҳамсари шоири маъруф Ашӯр Сафар даргузашт

Ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар ва модари шоири маъруф Гурез Сафар Ҳуснбону Баҳромова имрӯз дар синни 82 солагӣ аз олам даргузашт. Наздиконаш хабар медиҳанд, ки марҳум чанд рӯзи охир бемор будааст.

Журналист Сайёфи Мизроб, пас аз марги Ҳуснбону Баҳромова дар саҳифаи “Фейсбук” чунин пост гузошт:

“Ҳамин ҳоло хабар расид, ки Ҳуснбону Баҳромоваи нозанин, зани устод Ашӯр Сафар, дар синни 82 солагӣ, аз олами сифлӣ бибридаву бар УЛВ пайваст… Устод 25 сол пеш дар Рӯзи аввали Рамазон рафтанду Бонуяшон дар рӯзи 3уми Рамазон…

1 умр Ӯро танҳо чун Зани Ашӯр Сафар мешнохтанду шакарову қурутобашро сар аз Мирзо Турсунзода то Боқиву Лоиқу Бозору Қаноату Гулрухсор хурдаанд. Умре зане буд бо 1 ном-зани устод Ашӯр Сафар ва бузургтарин намунаи бонуи содиқуссиддиқи тоҷик. Худованд раҳмату мағфират кунод…”

Ҷанозаи марҳум дар Кӯлоб баъд аз зуҳри имрӯз баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *