Ҳамсару оилаи беҳтарин муайян ва соҳиби Шоҳҷоиза шуданд
Дар шаҳри Душанбе ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ва «Беҳтарин ҳамсар» муайяну қадрдонӣ шуданд.
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов аз ноҳияи Роштқалъа ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов тақдим гардид.
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ҷойи якум ба Бахтиёр Ҳасанов аз шаҳри Кӯлоб, ҷойи дуюм ба Мунис Бобоев аз ноҳияи Ашт ва Акмал Ҳакимов аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҷойи сеюм ба Турахон Холов аз ноҳияи Шаҳринав, Умед Муҳаммадшерзодшоев аз шаҳри Хоруғ ва Ҳоҷӣ Шарипов аз ноҳияи Рашт дода шуд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» оилаи Нигинамо Набиева аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, оилаи Некруз Лайлиев аз ноҳияи Рӯшон ва оилаи Фозилҷон Носиров аз ноҳияи Шаҳринав сазовори ҷойи дуюм, оилаи Фариштамо Қодирова аз ноҳияи Ҳамадонӣ, оилаи Ҳабибулло Рашидов аз шаҳри Бӯстон ва оилаи Ташриф Шарипов аз ноҳияи Рашт сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.
Ҳамчунин, ба беҳтарин ҳамсарон ва беҳтарин оилаҳои ҳунарманд барои иштироки фаъол Ифтихорнома супорида шуд.
Гуфта мешавад, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ва «Беҳтарин ҳамсар» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ баргузор гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ