Ҳамсояҳо вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Мулоқот бо ташаббуси мақомоти Покистон баргузор шуда, дар он намояндагони шаш кишвар ба муҳокимаи вазъ дар давлати ҳамсоя ҳамроҳ шуданд

Намояндагони Тоҷикистон дар як конфронси фаврии онлайнӣ оид ба вазъи кунунии Афғонистон ширкат варзиданд.

Дар ин нишаст ҳамчунин сиёсатмадорон аз Ӯзбекистон, Туркманистон, Покистон, Эрон ва Чин ширкат доштанд. Мулоқот бо ибтикори Исломобод баргузор шуд.

«Покистон маҷлиси маҷозии намояндагони вижаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро баргузор кард», — гуфт, Муҳаммад Содик, намояндаи вижаи Покистон дар умури Афғонистон дар саҳифаи Твиттераш.

Вай қайд кард, ки ширкаткунандагони мулоқот «якдилона гуфтанд, ки сулҳ дар Афғонистон барои амният, субот ва шукуфоии тамоми минтақа муҳим аст.»

Ба гуфтаи намояндаи вижаи Покистон, бархӯрди минтақавӣ ба ҳалли мушкилоти умумӣ ва ҳамчунин дар сурати эътидол овардани вазъ дар ҷумҳурии ҳамсоя кумак хоҳад кард.

«Афғонистони шукуфон ва осоишта ба ҳамгироии иқтисодӣ, робитаҳои қавии одамон, афзоиши тиҷорат ва робитаҳои минтақавӣ мусоидат мекунад», — ишора кард, Муҳаммад Содиқ.

Вай афзуд, ки намояндагони кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар тамос бошанд.

Қаблан вазъи Афғонистонро Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон ва ҳамтои эронии ӯ Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён баррасӣ карданд.

Иштироккунандагони вохӯрӣ оид ба рӯйдодҳои ахири ҷумҳурӣ табодули афкор карда, инчунин конфронси онлайн бо намояндагони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон эълон карданд.

.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *