Саакашвили сарвазири Гурҷистон мешавад?
Михаил Саакашвилиро ба интихоботи моҳи октябри имсол ҳамчун номзад ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ кардаанд. Раиси ин ҳаракат Григол Вашадзе рӯзи 7-уми сентябр гуфт, ки Саакашвили “бояд ба Гурҷистон баргашта дар назди мардумаш бошад”.
Саакашвили рӯзи 6-уми сентябр дар Фейсбук навишт, ки нақша дорад ба Гурҷистон баргардад. Саакашвилии 52-сола солҳои 2004 то 2013 дар мақоми раёсатҷумҳурии Гурҷистон кор кардааст.
Ҳаракати муттаҳидаи миллӣ соли 2012 дар интихоботи парлумонии Гурҷистон аз ҷониби эътилофи “Орзуи Гурҷистон”-и миллиардер Бидзина Иванишвилӣ, нафаре, ки баъдан мунаққиди президент шуд, мағлуб гардид. Саакашвили баъди хатми мӯҳлати раёсатҷумҳуриаш дар охири соли 2013 аз кишвар берун рафту бархе аъзои ҳизбаш боздошт шуданд.
Январи соли 2018 додгоҳе дар Гурҷистон Саакашивилиро дар ғайбаш барои, ба гуфтааш, пинҳон кардани шаҳодати куштори як бонкдор гунаҳгор ва ӯро ба се соли зиндон маҳкум кард. Июни соли 2018 додгоҳи дигаре Саакашвилиро дар сӯиистифода аз қудрат гунаҳгор ва дар ғайбаш ба шаш соли зиндон маҳкум кард. Худи Саакашвилӣ ин иттиҳомотро рад карда гуфт, ки ҳама иттиҳомот дорои ангезаҳои сиёсӣ ҳастанд.
Вазири адлияи Гурҷистон Теа Тсулукиани гуфт, ки агар Саакашвилӣ баргардад, ҳамон замон боздошт ва ба зиндон андохта мешавад. Саакашвили солҳои 2015-16 ба ҳайси раиси вилояти Одессаи Украина кор карда, баъди истеъфояш президент Петро Порошенкоро дар фасод муттаҳам кард. Порошенко дар ҷавоб ӯро аз шаҳрвандии Украина маҳрум кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ