Ҳарноз ғолиби озмуни «Зебосанами олам» шуд

Ғолиби озмуни “Зебосанами  олам” (Мисс Вселенная)-  2021 иштирокчӣ аз Ҳиндустон Ҳарназ Каур Сандху гардид.

Мусобиқаи 70-ум дар Исроил 12 декабри соли 2021 баргузор шуда ҷамъбаст гардид. Тоҷро ба духтар барандаи соли гузаштаи ин озмун Андреа Меза аз Мексика тақдим кард. Ҳарнааз Сандху ҳунарпеша ва модели 21-сола аст. Вай сеюмин иштирокчии озмуни » Зебосанами  олам » аз Ҳиндустон аст. Ӯ зодаи шаҳраки хурди Чандигар дар шимоли Ҳиндустон аст. Қаблан ғолиби озмуни “Miss Diva 2021” шуда  буд.

Ҳарназ аз синни наврасӣ дар саҳна буд. Ӯ ҳоло чун “Зебосанами  олам”  дар Ню Йорк қарор дорад ва дар бисёр чорабиниҳои саросари ҷаҳон иштирок хоҳад кард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ духтарро бо пирӯзиаш табрик карданд, албатта, мухлисони ӯ аз кишвараш махсусан шод буданд. “Зебосанами  олам” як озмунҳои байналмилалии зебоии ҳамасола аст, ки аз бонуфузтарин дар ҷаҳон шуморида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *