Ҳарорати баланди кӯдак. Аз варами мағзи сар то тавсия ба волидон

Ҳама гуна бемориҳои илитиҳобӣ бавуҷудоварандаи ҳарорати бадан мебошанд. Ҳарорати бадан аксуламали организм буда, дар вақти афтодани микроб ва вирусҳои беруна ба организм ба вуҷуд меояд.

Ҳарорати бадан дар организми инсон вазифаи муҳофизатиро иҷро мекунад. Дар аввал ин аксуламал шахсро суст карда, ҳатто чашмонашро кушода наметавонад, вазнинӣ ва дарди сахти сарро ҳис мекунад. Ҳарорати баланд кӯдакони то яксоларо асабӣ, кори рӯдаҳоро вайрон карда, заҳролудшавии умумии организм ба вуҷуд меояд, ки он бештар ба он хотир хатар дорад, ки кӯдакро ба судоргий ва варами мағзи сар оварда мерасонад.

Волидон бояд чунин амалҳоро ҳангоми баланд будани ҳарорати бадан ба кӯдак расонида тавонанд:

1. Агар ҳарорат аз 37,5 — 38,0 боло набошад, метавонед аз доруву ҳабҳо истифода набаред. Нӯшонидани нӯшокии зиёд кӯдакро аз ин ҳолат мебарорад.

2. Агар кӯдак баъди ҳарорати баланд дар ҳолати судоргий қарор гирад, ҳарчи зудтар паст кардани ҳарорат лозим аст.

3. Дар ҳама ҳолат ва намуди ҳарорат кӯдак ба нӯшокии зиёд эҳтиёҷ дорад (оби ҷӯшонидашуда, шарбат, чой, маҳлулҳои физиологӣ (регедрон). Дар ин ҳолат нӯшонидани шир, чочак, оби гӯшт мумкин нест, зеро ин нӯшокиҳо ба қайкунӣ, дарди шикам ва дарунравӣ меоранд. Меъёри нӯшокӣ дар як кило вазни кӯдак 10 мл рост меояд. То ҳарорат ба 37 расидан нӯшонидан лозим аст.

4. Вақте ҳарорат аз 38 боло бошад, метавонед аз хунукгузорӣ истифода намоед. Додани ҳабҳои зидди ҳароратбаландӣ низ айни муддаост. Аз ҳама роҳи осон кӯдакро аз либос озод карда, бо маҳлули спирт ё спирти бо об омехташуда, ҳангоми набудани маҳлули спирт, обу сиркоро баробар омехта карда, истифода бурдан лозим аст. Агар сирко ҳам набошад, оби ҷӯшонидашудаи ширгарм шакидан лозим аст. Гузоштани латтаи тар дар пешонӣ низ як роҳи паст кардани ҳарорати кӯдак мебошад.

5. Агар сар ва танаи кӯдак гарм бошаду дасту пойҳояш хунук, дар ин ҳолат кашишхўрии мушакҳо ба вуҷуд меояд. Дар ин вақт бояд кашишхӯриро аз байн бурд. Чӣ тавр? Аввал дасту пойҳои хунукшударо гарм кардан ва додани ҳабҳои но-шпа ва ё папаверин вобаста ба синну сол тавсия дода мешавад. Пас аз гарм шудан, метавонем бо усули физикӣ (кашидани либос) паст кардани ҳароратро истифода барем.

6. Ҳабҳои ҳароратпасткунанда ва зиддиилтиҳобиеро, ки махсус барои истеъмоли кӯдакон равона шудаанд, тавсия медиҳем. Вақте ки ҳабҳо таъсир нарасонанд, метавонед аз сироп ва агар сироп ҳам таъсир накард, аз шамъдоруҳо бар зидди ҳарорат, аз ҷумла панадол, нурафен, сефекон аз рӯдаи қафо истифода баред. Баъди ҳамаи ин амалҳоятон ҳарорат бетағйир боқӣ монад, ба духтур муроҷиат кунед.

Лозим ба ёдоварист, ки солҳои пеш бибию бобоҳои мо ҳангоми тафси баланд ба кӯдакон ҳаби аспиринро тавсия медоданд. Дар хотир дошта бошед, ки ин дору барои паст кардани ҳарорат ва сироятёбӣ ба кӯдакони то синни 18-сола манъ карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *