Ҳасану Ҳусейн ва Фотимаю Зӯҳроро як модари душанбегӣ баробар таваллуд кард
Субҳи 16 декабр дар таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе як модар чоргоник – ду писар ва ду духтар ба дунё овард. Тифлони чоргоник феълан дар шуъбаи эҳё қарор доштаанд, зеро ба гуфтаи табибони ин муассиса норасид ба дунё омадаанд.Модари хушбахти ин 4 тифл Сарвиноз Аскарова 34 сола ва соҳиби ду писари яке 14 ва дуюмӣ сеюнимсола будааст.
Падари чоргоникҳо Далер Файзалиев зодаи шаҳри Бохтар буда, дар пойтахт иҷоранишин асту дар як ширкат кор мекунад
(Тафсилоти минбаъдаи ин ҳодисаро дар Pressa.tj интизор шавед)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ