Ҳашари дастҷамъона ҷиҳати хуррамгардонии ноҳияи Рӯдакӣ
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хотири ободу зебо гардонидани муҳити атроф ҳашари дастҷамъона роҳандозӣ карда шуд.
Бино ба иттилои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ, ин иқдом дар доираи роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои обод кардани муҳити зист роҳандозӣ гардидааст.
— Ёдовар мешавем, ки ҷавонону волонтёрони ноҳияи Рӯдакӣ ният доранд ин гуна иқдомҳои ободониву гулшинониро бо истифода аз ҳавои мусоид ҳар ҳафта баргузор намуда, ба ин васила саҳми худро дар ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани ноҳия гузоранд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ