Ҳашт нафар куштаву 7 тани дигар беному нишон шуданд
Дар Чин киштии мусофирбар ғарқ шуд, ҳашт нафар кушта ва ҳафт каси дигар бедарак шуданд
Дар рӯди музофоти Гуйчжоу дар ҷанубу ғарби Чин як киштии мусофирбар ғарқ шуд, ки дар натиҷа ҳашт нафар ба ҳалокат расида, боз 7 тани дигар беному нишон гардид.
Хабари садамаи киштии мусофирбарро ҳукумати Люпаншуй зимни як изҳорот таъйид намуд.
Тибқи хабарҳо, ҳодиса рӯзи шанбе соати 16:50 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух дод. Ин кишти бо 40 мусофир дар ноҳияи Люпаншуй чаппа шуд.
Гуфта мешавад, то соати 08.10 дақиқаи рӯзи якшанбе 31 нафар наҷот ёфтанд. Наҷотбахшон ҳамчунин ҷасади 8 қурбониро аз об берун оварданд.
Феълан, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот идома дорад ва мақомоти интизомии маҳаллӣ сабабҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ