Ҳаштумин роҳхат ба Бозиҳои Олимпӣ: Илдар Аҳмадиев ба Токио-2020 меравад
Илдар Аҳмадиев яке аз варзишгарони ҷавону чусту чолокеат, ки дар чандин кишварҳои ҷаҳон парчами Тоҷикистонро партавафшонӣ кардааст. Айни ҳол вай тавассути саҳмияи универсалии Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ имкони иштирок дар Олимпиадаи Токиоро, дар намуди дав ба масофаи 100 метр пайдо намуд.
Ширкати узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук Илдар Аҳмадиев дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 бори дигар далели комёбиҳои варзиши тоҷик аст.
Чи тавре, ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод тибқи муқаррароти Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ, ба кумитаҳои миллии олимпие, ки варзишгаронашон миёни мардон ё занон роҳхати мустақим надоранд, иҷозат дода мешавад, ки дар яке аз мусобиқаи варзишӣ беҳтарин варзишгари мард ё занро пешниҳод намоянд. Дар варзиши сабук аз кишвари мо миёни бонувон Гулсумбӣ Шарифова дар дав ба масофаи 200 метр роҳхати олимпӣ ба даст овард, вале варзишгаронамон миёни мардон натавонистанд меъёри муайянкардаи олимпиро иҷро намоянд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон номзадии ду нафар: Илдар Аҳмадиев ва Григорий Дерепаскинро барои сазовор шудан аз саҳмияи универсалӣ пешниҳод намуданд ва Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ номзадии Илдарро пазируфт.
Бояд зикр намуд, ки Илдар Аҳмадиев танҳо ҳамин сол дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Ӯзбекистону Қазоқистон ширкат карда, натиҷаҳои хуб нишон дод. Ӯ дар Чемпионати кушоди Ӯзбекистон, ки 28-29 майи соли равон, дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дар масофаи 100 метр медали тилло, дар ҷаҳиш ба дарозӣ медали биринҷӣ ва дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Косанов дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баръакс дар ҷаҳиш ба дарозӣ медали тилло, дар масофаи 100 метр медали биринҷӣ ба даст овард.
Зимини иттилоъи манбаъ ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба 8 нафар расид. Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев (ҳар ду бокс), Гулсумбӣ Шарифова (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (дзюдо) ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат ба даст овардаанд.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 ки бо сабаби домангустурдани каронавирус ,бо таъхири яксола аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ