Ҳавасмандӣ ба бахши дорусозӣ дар мулоқоти Абдуллозода бо сафири Туркия

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазир Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умур Аҷар мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода ҷаноби Умур Аҷарро ба муносибати сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон таъйин гардиданаш табрику шодбош намуда, ба фаъолияти кории ӯ барору муваффақият таманно намуд.

— Қайд гардид, ки пандемияи COVID-19 таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба технологияҳои рақамӣ ва истифодаи онҳо дар соҳаи тандурустӣ зиёд намуд. Бояд қайд кард, ки имкониятҳои Чумҳурии Туркия дар пайваст ба ҷанбаҳои муосири рақамикунонӣ ва ҳалли иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ ниҳоят пешрафта мебошад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Харитаи роҳро оид ба амалисозии банди алоқаманди Стратегияи миллии ҳифзи саломатӣ то соли 2030 тасдиқ намуд ва омӯхтани таҷрибаи Туркия дар ин самт ба манфиати кор аст,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши самтҳои дигари соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бахши дорусозӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз доштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *