Вазорати маориф

Ҳаво сард омад. Таътили зимистонаи хонандагон то 16-уми январ тамдид шуд

Вазорати маориф ва илми кишвар таътили зимистонаи хонандагонро тамдид кард.

— Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.01.2023, №35 «Дар бораи тамдид намудани таътили зимистонаи хонандагон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ» дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагон то 16-уми январи соли 2023 тамдид карда шуд,- омадааст дар иттилоияи вазорат.

Гуфта мешавад, ки машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 16-уми январ оғоз гардида, соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн мегардад.

Ҳамзамон, дар асоси фармоиши мазкур сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусӣ уҳдадор гардидаанд, ки ҷиҳати ба таътил баромадани хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *