Ҳавои чангу ғубор то 20 август боқӣ мемонад
Дар Тоҷикистон ҳавои чангу ғуборолуд то 20 август боқӣ мемонад.
Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин рӯзҳо ба одамоне, ки ба бемориҳои дил, роҳи нафас, баландфишорӣ ва монанди инҳо гирифторанд, тавсия дода мешавад, ки аз хона берун набароянд.
Ҳамчунин, ҳангоми сайру гашт дар фазои кушод аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ