Ҳавопаймо ба хонае бархӯрда чанд касро кушт…

Дар иёлоти Миннесотаи ИМА як ҳавопаймои якмотории Mooney M20 суқут кард ва ба хонае бархӯрдаст.

Ин ҳодиса шоми 7 август дар шаҳри Виктория рух дод. Бино ба охирин гузоришҳо, чанд нафар ҷони худро аз даст додаанд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии CBS Миннесота.

Наворҳои ҳайратангезе,ки дар Интернет аз ҷои ҳодиса пайдо шуданд, нишон дода мешавад, ки ҳавопаймо пас аз суқут чӣ тавр фавран оташ гирифт.

Тибқи иттилои Идораи федералии авиатсия (FAA), ҳавопаймо аз фурудгоҳи Алегзандрия парвоз карда, ба сӯи фурудгоҳи Иден Прейри парвоз мекард.
Марги чанд нафарро пулиси ин минтақа тасдиқ кард, вале дақиқан нагуфт, ки чӣ чанд нафар ҷон аз даст додаанд.Шӯрои миллии бехатарии нақлиёт (NTSB) тафтишотро оғоз кард ва аз ҷониби Идораи федералии авиатсия дастгирӣ карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *