Ҳаёти виртуалӣ. Мубориза бо таблиғи андешаҳои ифротӣ дар ин майдон

Созмон ва ҳаракатҳои динии ифротгаро на барои ислоҳи шуури динӣ аз дохил, балки барои сӯйистифода аз ҷойгоҳи дин дар ҷомеа ва муқобил гузош­тани арзишҳои фардӣ, гурӯҳӣ ва миллӣ бо динӣ кӯшиш мекунанд. Консепсияи сиёсӣ-идеологии ин ҳаракатҳо, пеш аз ҳама, интишори тафсири худ аз мафҳумҳои “ҷиҳод”, “дору-л-куфр” ва “дору-л-ислом” мебошад.

Технологияи иттилоотӣ ва рустои хурд

Маҳз технологияи муосири иттилоотӣ имконияти мубаллиғони ифротиро васеъ намуда, бо намоиши таълимот ва амалиёти худ ҳамчун як навъи ҳуҷуми ра­во­нӣ ба низоми сиёсӣ ва шуури ҷомеа худро муаррифӣ мекунад. Фаъолияти расонаҳои медиотерроризм қудрати терроризмро дучанд карда, дар тафаккури ҷомеа бенизому ноустувор будани муносибат­ҳои иҷтимоӣ, андешаи ноумедӣ ва тарсро зиёд мекунад. Мусаллам аст, ки расонаҳо имрӯз на танҳо маълумот медиҳанд, балки моҳияту мақсад ва хулосаи воқеаро низ аз диди худ тафсир мекунанд. Имконияти технологияи итти­ло­отӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба як рустои хурд табдил дода, вазифаи худро на ҷалби фард, балки ҷалби доираи ҳарчи бештари мардум дар ҷаҳон медонад. Чунин шакли фаъолияти расонаҳо ва фазои иттилоотӣ андеша, таълимот ва “арзишҳои” ифротиёнро чунон нашру таблиғ мекунанд, ки шояд онҳо аз тариқи воситаи ахбор ва расонаҳои худ чунин имконотро надоштанд.

Сарҳади идеологию сиёсӣ

Воқеан, имрӯзҳо Интернет як шакли воқеии ҳаёти виртуалии ҷомеаро сохт. Дар он шахс ҳаёти ҳаррӯзаи худро бо муошират, муносибат ва навсозӣ мегузаронад. Интернет фазои алтернативӣ барои ҳаёти воқеии инсон сохтааст. Дар он ҷавон худро ҳамчун унсури муҳи­ми ҳамон ҷомеа ҳисоб мекунад, ки метавонад дар ҳалли ин ё он масъала нақши калидӣ дошта бошад ва шахс дигар аз он “ҳақиқат” берун омадан намехоҳад. Дар сомонаҳо гурӯҳҳои ҳаммаслак, ҳамфикр таъсис дода мешаванд, ки сарҳади ҷуғрофии давлатҳоро аз байн бурда, сарҳади иде­ологию сиёсии худро бо назардошти диди назар ва фикр месозанд, ки дар он шахсият, шаҳрвандӣ ва рангу пӯст, миллат ва давлат арзиши мустақил нестанд. Арзиши аслӣ он арзишест, ки ҳамаи ин одамонро ҷамъ овардааст.

Созмону гурӯҳҳои террористӣ низ бо чунин тартиб таъсис дода мешаванд. Дар фаъолияти гурӯҳҳои тер­ро­ристӣ арзиши меҳварӣ идеяи террор аст ва арзишҳои дигар зертобеи он ҳастанд. Яъне давлатро метавон аз байн бурд, вале давлати дигарро дар заминаи идеяи сиёсии ин гурӯҳҳо таъсис дод.

Метавон гуфт, ки ҷамъият шакли ташкили иҷтимоӣ дар фазои виртуалии интернет аст, ки принсипҳои шабакавӣ ва асосҳои онро таъмин месозад.

«Муҳаррики муборизаи мусаллаҳ»

Имрӯз аз Интернет ҳамчунин барои ҷамъ ва ҷалб кардани маблағ аз берун хеле моҳирона истифода бурда мешавад, зеро пул барои терроризм «муҳаррики муборизаи мусаллаҳ» мебошад. Фаъолияти таблиғотӣ ва ҳамоҳангӣ дар Интернет, имкониятҳои бузург барои афзоиши маблағҳои ҷалб­ку­нанда омода мекунад. Террористҳо тавассути усулҳои ғай­ри­қонунӣ бевосита аз тариқи вебсайтҳои худ дар тамоми ҷаҳон маблағ ҷустуҷӯ мекунанд. Ҳарчанд то ҳол манбаи асосии даромади гурӯҳҳои террористӣ барои таъсиси шабакаву моҳвораҳои тарғиботӣ фурӯши яроқ ва маводи мухаддир бошад ҳам, вале Интернетро низ мав­­риди истифода қарор медиҳанд.

Гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ талаботи нерӯи ҷӯшандаи ҷавононро ба роҳҳои харобиовар ва ҷанг ҷалб мекунанд. Ва бояд эътироф кунем, ки дар ин самт то андозае муваффақ ҳам шудаанд, зеро наздик ба ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шомили гурӯҳи экстремистӣ — террористии ДИИШ шуданд ва чандин касони дигар идеяҳои онҳоро дар фазои маҷозӣ таблиғ мекунанд. Бинобар ин, мубориза бо таблиғи андешаҳои ифротӣ дар ҷомеа ва фазои иттилоотӣ имрӯз масъалаи муҳим аст.

Хатари падидаи воқеӣ

Терроризм ва ифротгароӣ падидаи воқеие мебошад, ки барои насли ҷавон, ҷомеа ва умуман давлат хатар эҷод мекунад. Дар давоми чанд соли охир дар Ховари Миёна босуръат қудрати ҳарбиву сиёсӣ-идеологии ДИИШ нуфуз кард ва пас аз шикасти низомӣ дар майдони ҷанг, ин созмон таблиғоти худро дар фазои маҷозӣ ва ҷомеа зиёд карда, ҳамчунин шохаи он — ДИ Хуросон дар марзҳои ҷанубии мо фаъолияти худро пайваста бештар менамояд.

Терроризм пешрафти иттилоот ва рушди телекоммуникатсияро, ки ҷомеа ба он куллан тобеъ гардидааст, хеле моҳирона истифода мебарад ва онро ба омили мусоидаткунандаи фаъолияти террористӣ табдил додааст, ки чанд масъалаи муҳимро фаро мегирад:

— дар фазои иттилоотӣ нуфуз карда, масоили таъмини амнияти иттилоотиро ба чолиш кашид;

— мафҳумҳои “интернет-терроризм” ва “кибер-терроризм” воқеияти ҳаёти ҳар­рӯ­заи мо шудааст;

— амалиётҳои террористӣ на танҳо ба зарари моддӣ ва таҳдид ба ҳаёт ва саломатии ода­мон, балки ба фалаҷ кардани манбаи иттилооти расмӣ ва таҳдиди психологӣ ба шумораи зиёди одамон равона шудааст.

Мубориза дар майдони виртуалӣ

Таҷрибаи фаъолияти тарғиботии гурӯҳҳои терро­рис­тӣ нишон дод, ки агар барои паҳн кардани идеяҳои экстре­мистӣ интернетро истифода бурдан манфиатбахш бошад, пас барои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм низ бояд вориди ҳамин майдони виртуалӣ шуд. Дар ин самт метавонем чораҳои зеринро роҳандозӣ намоем:

— таҳияи маводи илмию методӣ, таҳкими дастгоҳи ягона, тасвири таҳдиду оқибатҳои он оид ба пешгирии ҳам­лаҳои идеологии террористӣ дар шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ;

— таҳияи механизми иттилоотӣ дар муқобили ҳам­лаҳои васеи идеяҳои экстремистӣ;

— дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ таҳияи роҳ­ҳои якҷоя мубориза бурдан бо таҳдидҳои терроризм;

— мутобиқсозии қонунгузории давлатҳо дар самти мубориза бо терроризм дар Интернет;

— такмил додани усулҳои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм бо назардошти манфиати ҳамаи дав­лат­ҳои соҳибистиқлол ва аз байн бурдани усул ва мавқеи духӯрагӣ дар ин самт.

Ҷаҳонбинии махсус

Ҳар гуна амал, ба мисли идеологияи экстремизм ва терроризм мақсадҳои стратегӣ дорад ва тақозо мешавад, ки ташаккули тафаккуру иродаи зиддитеррористӣ дар ҷо­меа бояд ба принсипҳои илмӣ асос ёфта бошад. Чун бо идеологияи терроризм бар пояи эҳсосоти фарҳангӣ мубориза бурдан ғайриимкон аст ва идеяи терроризм фарохтар аз эҳсосот буда, он як навъ ҷаҳонбинии махсусро дар шу­ури инсон месозад. Бинобар ин, бо як ду амалҳои сти­хия­вӣ таъсири онро коста кардан амри маҳол аст.

Бо дарназардошти хусусиятҳои идеологии экстремизм тарафи муқобил бояд чанд масъалаи муҳимро дар мубориза бо ин падидаҳои номатлуб дар назар дошта бошад:

— якҷоя кардани манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат;

— эҳтироми ақидаву эътиқоди динӣ, анъанаву маросими дигарон, ба истиснои онҳое, ки тарғиби зӯроварӣ доранд;

— ҳамкории давлат бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизб­ҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои динӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воси­та­ҳои ахбори омма ва истифодаи васеи тамоми қувваҳои мавҷудаи ҷомеа.

Заминаҳои ташаккули тафаккур

Агар мақсади асосии мубориза бар зидди терроризм ташаккули тафаккури зиддитеррористӣ дар ҷомеа бошад, пас заминаҳои ташаккули онро бояд фароҳам сохт:

— такмил додани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳама соҳаҳои мубориза бар зидди таҳдидҳои террористӣ ва мунтазам баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва тафаккури зиддитеррористии наврасон ва ҷавонон;

— ба аҳолӣ расонидани мавқеи стратегии давлат оид ба бартараф кардани камбизоатӣ, бекорӣ, дастрас намудани таҳсил ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа;

— бартараф намудани таъсири ривоятҳои бе мислу монанд доир ба фаъолияти гурӯҳҳои экстремистӣ ва соз­мондиҳандагон онҳо дар мавриди таъсиси хилофати ду­рӯ­ғини исломӣ;

— ташаккул додани андешаҳои фаъоли омодагии шаҳр­вандон барои дастгирӣ намудани сиёсати давлат дар мубориза бо экстремизм ва терроризм;

— таъмин намудани фазои мусоиди ҳамкорӣ миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ривоҷ додани амалҳои фарогири идеяҳои зиддитеррористӣ дар ҷомеа.

Мақсади асосии ҳар як ташкилот ё гурӯҳи террористию экстремистӣ — ин таъмини интишори васеи идеология ва аз тариқи васоити ахбор дастраси бештари мардум гардонидани амалиётҳои террористии худашон мебошад.

Бояд таъкид кард, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон барои мусулмонон ва рушди фарҳанги исломӣ, ки қисми таркибии фарҳанги миллии мост, ягон маҳдудият эҷод накардааст ва баръакс қонунгузорӣ озодӣ, ҳуқуқи инсон ва аз ҷумла озодии виҷдонро ба ҳар кас таъмин ва ҳифз менамояд, вале озодии виҷдон маънои тарғиб кардани ҳар гуна ақидаҳои ифротгароиро надорад, ки барои суботи ҷомеа ва амнияти давлат хатарзо аст.

Рустам Азизӣ,
коршинос

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *