Ҳаётой Мӯъминова  “Қаҳрамони Чернобил” шуд

Овозхони саршиноси тоҷик Ҳаётой Мӯъминова бо медали “Қаҳрамони Чернобил” қадрдонӣ карда шуд. Дар ин бора худи ҳунарпеша субҳи имрӯз зимни суҳбат дар идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” хабар дод.

“Дар арафаи 60-солагии мавлудам, ин туҳфа барои ман ногаҳонӣ ва гуворо буд. Субҳи имрӯз аз ҷониби Президенти Иттифоқи Черноболчиёни Русия Гришин банда ва ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сафаргул Юсуфова ба ин медал қадрдонӣ шудем” – гуфт, сароянда.

Ёдовар мешавем, ки  23-юми апрели соли 1986 дастаи ҳунарии бонувони рубобнавоз дар ҳайати 32 нафар барои иштирок дар як фестивали давраӣ ба Украина сафар карданд, ки дар байни онҳо Ҳаётой Мӯъминова ҳам буд.

Тибқи нақша онҳо бояд дар тӯли 45 рӯз дар саросари Украина барномаҳои консертӣ доир мекарданд. Ҳунармандони тоҷик дар шаҳри Лутск, дар 15- 20 километрии Чернобил қарор гирифтанд ва дар рӯзи сеюми сафари онҳо таркиши Чернобил ба вуқӯъ пайваст.

“Аммо вазорати маданияти ҳукумати шӯравӣ сафари моро ба Чернобил қатъ накард.  Ҳама аз шаҳр мегурехтанд, мо бошем дар меҳмонхона мондем. Рӯзи 1-ум, 3-юм ва 9-уми май се маротиба барои бартарафкунандагони таркиши Чернобил консерт баргузор кардем. Он замон ман ҷавон  будам, дарк намекардам, ки будубоши мо дар Чернобил оянда ба саломатии мо таъсири манфӣ мерасонад. Вале ҳар чӣ буд, аз сарнавишт аст”-мегӯяд, Ҳаётой Мӯъминова.

Коршиносон мегӯянд, барои бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил беш аз як миллион нафар шаҳрвандони ноогоҳу омода набудаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таъҷилан сафарбар шуда буданд. Аз Тоҷикистон 5 000 нафар шаҳрвандон ё худ сарбозони эҳтиётӣ ва 1000 нафар аскарбачаҳои тоза ба хизмат даъватшуда фиристода шуданд. Ҳамин тавр, беш аз 6000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки маъмулан фарзандони оилаҳои таҳсилнокарда ва колхозчӣ буданд, дар Чернобил ба тоза кардани шаҳр, барқарорсозии нерӯгоҳ ва амсоли инҳо машғул буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *