Ҳаётой Муъминова

Ҳаётой Муъминова: Дар санъат ё аввал бош, ё набош!

Сарояндаи маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳаётой Муъминова 60-сола шуд. Дар арафаи Соли нави мелодӣ бо эшон ҳамсуҳбат шудем.

Қаҳрамони Чернобил

Мавлуд ва Cоли нави мелодӣ муборакатон бод! Ин ду санаро чӣ гуна пешвоз мегиред?

— Мавлуд барои ман санад аст, ки онро бошукуҳ таҷлил намекунам. Чун ҳамеша дар иҳотаи оила мегузаронам. Шояд бародаронам барои табрик оянд. Тантанаҳоро дӯст намедорам. Вале дар остонаи Соли нав руҳияи ман болида аст. Зеро қабл аз суҳбат бо шумо дар “Ҷамъияти чернобилчиён” будам. Ба ман ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сафаргул Юсупова медали “Қаҳрамони Чернобил” супорида шуд.

— Воқеан, шумо аз нафароне ҳастед, ки дар рӯзҳои таркиши Чернобил дар он ҷо будед. Мехоҳам дар ин бора муфассал ҳарф занед.

— Ин як тасодуф буд. Мо дар ҳайати дастаи рубобчизанҳо 23-юми апрели соли 1986 ба сафари ҳунарӣ ба Украина рафтем. Сафари мо аз шаҳри Иванова оғоз шуд (шаҳраки Чернобил дар ноҳияи Ивановкаи вилояти Киев воқеъ аст,- ред.). Дар оғози сафар ҳамагӣ як консерт баргузор кардему субҳи 26-ум хабари садамаро шунидем. Шаҳраки Чернобил ба маҳали зисти мо наздик буд. Мардуми шаҳр ба таҳлука омада буданд. Села-села ҷониби Киев ва дигар шаҳрҳо мегурехтанд. Вале мо 10 рӯз дар он ҷо мондем. Баъдан моро ба шаҳри Лутск бурданд. Ҷавон будем, духтарони 21-22-солаи муҷаррад. Дарк намекардем, ки радиатсияи баланд ба саломатии мо зарар мерасонад. Ҳаво гарм буд, шаҳр ғуборолуд. Бо тайёраҳо рӯйи шаҳр об мерехтанд. Мо духтарон ба кӯча баромада, мисле ки зери борон сайругашт мекунанд, гаштугузор мекардем. Зеро дар замони Шӯравӣ иттилоъ кам буд, касе дар бораи зарари ин фоҷеа ошкор сухан намегуфт. Мо занонеро, ки ашк мерехтанду дарун-дарун месӯхтанд, дида, ҳайрон мешудем.

Яъне шумо дарк намекардед, ки истиқомат дар ин маҳал зараровар аст?

— Бале, намефаҳмидем. Муслимаойтӣ Боқиева, ки дар сафар ҳамроҳи мо буданд, ҷанг мекарданд, ки дар хона шинем. “Ҳоло намефаҳмед, вале ин ба ояндаи шумо зарар мерасонад, аз меҳмонхона набароед” мегуфтанд, лекин мо бепарво будем. Моро ҳамарӯза бо дастгоҳи махсус ташхис мекарданд. Вале худамон дарк накарда, сироят ёфтем. Чанд нафар аз ҳайати дастаи мо зуд-зуд фавтиданд. Афсӯс, ки зарараш ба ҳама расид ва на фақат ба мо. Агар дар оила 3 фарзанд бошад, ҳатман яктояш аз ин сироят бемор аст… Намехоҳам дар ин бора ҳарф занам…

— Баъдан чӣ гуна ба Тоҷикистон баргаштед? Ва шуморо дар ин ҷо чӣ гуна қабул карданд?

— Сафари мо аз оғоз 35 рӯз ба нақша гирифта шуда буд, вале баъди 55 рӯз баргаштем. Албатта, пайвандонамон дар ин ҷо хавотир буданд. Роҳбари ансамбл шодравон Маҷнун Баротов, Муслима Боқиева, Эмма Бободӯстова бо Башир Бобоев ба Киев рафтанд, ки бо Тоҷикистон дар тамос шуда, иҷозати бозгашти моро гиранд, вале аз Вазорати маданияти Тоҷикистон ризоият надоданд. Гуфтаанд, ки ҳар касе худсарона тарки Украина кунад, аз ҷойи кор ҷавоб медиҳанд. Он солҳо аз кор ронда шудан фоҷеа буд, масалан барои ман ин нанги калон маҳсуб мешуд. Бинобар ин, дар он ҷо мондем.

— Дар ин 55 рӯз машғули чӣ кор будед?

— Мо барои бартарафкунандагони фоҷеаи Чернобил барномаи фарҳангӣ нишон додем. Консерти Ансамбли бонувони рубобнавоз рӯзи 1-уми май баргузор шуд. Рӯзи 2-юми май галаконсерт бо ширкати ансамбли мо, Алла Пугачёва, гуруҳи “Машина времени” ва дигар ҳунармандони маъруф. Рӯзи 3-юм консерти алоҳидаи Алла Пугачёва буд. Маротибаи сеюм аз ҷониби агитгруппаи комсомол ман дар консерти бахшида ба Рӯзи Ғалаба низ ширкат кардам. Яъне 3 маротиба бевосита дар Чернобил будам.

Роҳи ҳунар

— Акнун мехоҳем дар бораи санъат суҳбат кунем. Имрӯзҳо роҳи ба санъат ворид шудан осон шудааст, зеро имкониятҳои интернет барои таблиғ фарох аст. Роҳи шумо чӣ тавр оғоз шуд?

— Ман ба санъат тавассути озмунҳо ворид шудам. Дар даврони наврасии ман Фестивали телевизионии ҷумҳуриявии “Бӯстон” баргузор мешуд. Ман дар “Бӯстон-1” муваффақ нашудам, вале дар “Бӯстон 2” лауреат шудам. Соли 1979, вақте хатмкунандаи мактаби миёна будам, Озмуни ҷумҳуриявии сарояндагони театрҳои касбӣ ва халқӣ оғоз шуд. Аз Кӯлоб Давлатманд Холов, аз Файзобод Дӯстмурод Алиев, аз Хуҷанд Каромат Ҳоҷиева, Даврон Алиматов, Асрор Камолиддинов, Парда Қосим аз Панҷ, Давлат Муқимов аз Қӯрғонтеппа, Моҳрухсор аз Комосомолобод, Саодат Умарова аз Панҷ, Шоира Ҳошимоваи қистакӯзӣ аз ноҳияи имрӯзаи Ғафуров ва дигар ҳунармандоне, ки имрӯз ба сатҳи устоди санъат расидаанд, дар он ширкат карданд. Банда ҳам иштирокчӣ будам. Ҳамин тавр, роҳи ман ба санъат боз шуд. Донишҷӯйи Донишкадаи санъат шудам ва 5 сол дар синфи муаллимаи нотакрор, устоди ҳунар Барно Исҳоқова дарс хондам.

— Шумо шогирди Барно Исҳоқова бошед, чаро сарояндаи “Шашмақом” нашудед?

— Устод Аслиддин Низомов, ки то имрӯз маслиҳатҳои эшон роҳнамои мост, мегуфтанд, ки “Шашмақом” ҳаваскориро намеписандад. Агар ман шашмақомхон мешудам, шояд имрӯз сарояндаи миёна мебудам. Вале дар санъат ё бояд аввал бошӣ, ё набошӣ. Дар байни ҳама гаштан хислати ман нест. Вақте нав ба донишкада омадам, дар бораи “Шашмақом” тасаввурот надоштам. Вале устод Барно Исҳоқова онро ба дили мо ҷой карданд. Ман шашмақомро дӯст медорам, агар ҳоло ҳам як сол тамрин кунам, аз ягон шашмақомхон кам намехонам, вале сабки сурудҳои халқӣ ба ман наздик аст. Худи муаллима ҳам мегуфтанд, ки “ту сурудҳои халқӣ саро”. Вақте ба ансамбли “Ганҷина” ба кор омадам, устод Зафар Нозимов мегуфтанд, ки “ту вақте сурудҳои халқӣ мехонӣ, калорити овозат дигар мешавад”. Шукр, ки ман иштибоҳ накардам ва дар санъат роҳи худамро пайдо намудам.

Ба ҷавонон осон нест…

— Шумо дар солҳои 80-ум зуд машҳур шудед. Чӣ чиз шуморо маҳбуби мардум кард?

— Албатта, сурудҳои халқӣ. Он замон дар Тоҷикистон ҳунармандони бузург зиёд буданд. Ба саҳна роҳ ёфтан осон набуд. Дар он замон суруд аз чанд элак мегузашт: худсовет — шӯрои бадеӣ, редсовет — шӯрои муҳаррирон, главлит — шӯрои идеологӣ онро мебехт. Дар як сол ҳамагӣ як ё ду суруд сабт мекардем. Ҳоло аз ин ҷиҳат ба ҷавонон осон шудааст. Онҳо озод ҳастанд. Ва озодӣ барои ҳунарманд муҳим аст. Шумо гуфтед, ки имрӯз ҷавонон ба осонӣ вориди майдони санъат мешаванд, вале бовар кунед, барои онҳо ҳам осон нест. Онҳо пулҳои хеле зиёд сарф мекунанд, ҳангуфт. Барои сабти суруд, сабти клип, маблағҳои зиёд сарф мешавад. Дар замони мо пулсарфкунӣ набуд.

— Солҳои охир шумо ҳам суруд сабт мекунед, чанд клипатон баромад. Шумо ҳам маблағи калон масраф мекунед?

— Не. Клипҳои ман натиҷаи заҳмати ҷавонон аст. Имрӯз шогирдони ман мутахассис ҳастанд ва худашон пешниҳод мекунанд, ки барои ман клип ба навор гиранд. Барои ин ман аз ҷавонон розӣ. Хушбахтона, ҷавононе, ки дар соҳаи санъат кор мекунанд, устодонро ҳурмату эҳтиром мекунанд.

— Имрӯз ҷавононро барои иҷрои сурудҳои каммазмун интиқод мекунанд. Шумо ба ин чӣ назар доред?

— Ин танқидҳо ҷой доранд. Сабаб дар он аст, ки ҷавонон аз китоб дур ҳастанд, суханро дарк намекунанд. Вале ин бо мурури замон мегузарад. Муҳим, дар ботини ҷавони эҷодкор санъати асил бошад. Санъати асил бо мурури вақт сарояндаро тарбия мекунад. Дигар ин ки, имрӯз дар кишвари мо Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи санъат сароянда тайёр мекунанд. Дар мо ҳатто шуъбаи ғоибона ҳаст ва сарояндаҳои шинохта дар он ҷо таҳсил карда, аз мактаби ҳунарӣ мегузаранд.

— Бо ғоибона хондан ҳунарманд мактабро мегузарад?

— Бале. Таърихи санъат, назарияи мусиқӣ, ҷӯр хонданро меомӯзад.

Тӯй — машқи сароянда

— Аксар вақт мушоҳида мекунем, ки сарояндаҳо ба тӯйҳо бо флешкарта мераванд, вале пулҳои зиёд мегиранд. Шумо ҳам магар дар тӯйҳо фонограмма мехонед?

— Не, ман зинда суруд мехонам. Мардум фонограмма гуфта, воҳима мекунанд. Вале бисёр ҳунармандон минус мемонанд, яъне оҳангро. Ин иҷозат аст. Зеро дар як суруд 5-6 навозанда лозим аст, ки харҷи калонро талаб мекунад. Бе таҳлил ҳарф задан лозим нест.

— Тӯйгардӣ барои сифати ҳунари сароянда хуб аст ё не?

— Тӯй сарояндаро суфта мекунад. Варзишгар аз ин мусобиқа ба ин мусобиқа нигоҳ карда намешинад-ку! Пайваста тамрин мекунад. Тӯй ҳам майдони тамрини ҳунарманд аст. На ҳар сароянда 3 соат мардумро ба шӯр оварда, хурсанд карда, рақсонида метавонад. Бисёр сарояндаҳое, ки тӯйгардиро танқид мекунанд, ба тӯйҳо даъват намешаванд, талабот ба онҳо кам аст.

Азобҳои паси парда

— Умуман, барои зан санъаткор будан душвор аст?

— Хеле душвор. Шоиста Муллоҷонова нақл мекарданд, ки як сафари ҳунарии ансамбли рубобчизанҳо 6,5 моҳ тӯл кашидааст. Шумо тасаввур карда метавонед, ки зан 6,5 моҳ аз оилаву фарзандон дур бошад? Барои ин асаби оҳанӣ лозим. Мо вақте сафарҳои ҳунарӣ мерафтем, фарзандонамро бо модарам ё хоҳаронам мегузоштам. Телефон дар ҳар хона набуд. Тасаввур мекунед, соати 11-12-и шаб ба рӯям чарм кашида, аз почта ба хонаи ҳамсояҳо занг мезадам, то ки аҳволи кӯдаконро пурсам. Илова бар ин, мушкилиҳои дигаре ҳаст. Умуман, азобҳои паси пардаи ҳунар хеле зиёд аст.

— Чӣ тавр метавон ҳам ҳунарманди муваффақ ва ҳам ҳамсару модари муваффақ шуд?

— Бояд ҳамсарат ҳамкасбат бошад. Пастиву баландии саҳнаро фақат ҳамкасбат мефаҳмад. Ҳамсари ман дойранавоз, яъне ҳунарманд ҳастанд. Бинобар ин, маро дарк мекунанд. Дар оила боварӣ набошад, он муваффақ намешавад. Масалан, Лола Азизозова. Шавҳарашон журналист, вале журналисте, ки дар деги санъат ҷӯшидаанд. Бинобар ин, оилаи обод доранд. Барои мисол, як маърака меравед, то соати 10-11-и шаб давом мекунад. Агар маърака дар ноҳия бошад, шабона намеоед. Инро ҳар мард таҳаммул карда наметавонад.

— Фарзанди ҳунарманд бо реҷае, ки ӯ дорад, чӣ гуна тарбия меёбад?

— Албатта, ин ҳам душвор аст, вале бояд кӯшиш намуд. Тарбияи фарзанд барои ман ҳеҷ гоҳ дар навбати дуюм набуд. Ҳамеша аз думболашон будам. Назорат мекардам. Дигар ин ки, модарам муаллима буданд ва дар тарбяи фарзандони ман саҳм гузоштанд. Шукр, фарзандонам тарбияи хуб гирифтанд.

— Ягон нафарашон роҳи шуморо давом доданд?

— Не. Се писар дорам. Яке иқтисодчӣ, дигаре машғули тиҷорат ва сеюмӣ мутахассиси забони англисӣ аст.

Дарҳои баста

— Мехоҳем бо шумо дар бораи синни нафақаи ҳунарманд суҳбат кунем. Ҳунармандон пас аз чанд сол ба нафақа мебароянд?

— Овозхон дар 25 сол, раққоса дар 18-20 сол, навозандаҳо ҳам то 25 сол.

— Магар барвақт нест?

— Ин мавзуи бисёр дардманд аст. Аввал, шукрона, ки ба синни нафақа мерасонад. Вале ба ҳунарманди асил вақт мондан лозим не. Бо гузашти синну сол ҳунарманд сайқал меёбад. Он чизе, ки дар ҷавонӣ намефаҳмидед, баъдан мефаҳмед. Барои мисол, устод Ҷӯрабек Муродов 80-сола шуданд, ҳар сол сурудҳои нав тайёр карда, мисли ҳисобот шаби эҷодӣ баргузор мекунанд. Ҳатто онлайн консерт медиҳанд. 80-сола шуданд, вале шуурашон як қадам пеш аз ҷавонон аст. Барои ҳамин ин мард нобиға аст. Намунаи ибрат аст. Овозашон ҳанӯз ширадор, мардум дӯсташон медоранд… Магар дуруст аст, ки чунин ҳунармандонро ба нафақа гусел кунӣ? Албатта, саҳна ҷавонӣ ва зебоиро дӯст медорад. На ҳар ҳунарманд то синни нафақа машҳуру маъруф боқӣ мемонад. Бинобар ин, ҳунармандонро қадр кардан лозим, то он замоне, ки тамошобин барояш қарсак мезанад, ӯро ба нафақа гусел кардан, роҳҳоро ба рӯяш бастан аз рӯйи инсофу адолат нест.

— Шумо дар тӯю маъракаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастед, сурудҳои нав ба нав сабт мекунед, вале аз саҳнаи калон дуред. Дар чорабиниҳои давлатӣ ҳам нестед. Сабаб чист?

— Ин саволро бояд ба ман надиҳед, зеро ба он посух дода наметавонам. Ман ҳам дар нафақа ҳастам… Шояд вазнам зиёд, бо ҳамин сабаб маро даъват намекунанд, ё ба он хотир, ки ба касе маъқул нестам. Ҳозир ҳамин хел замон аст, ки ду-се кас тақдиратро ҳал мекунанд. Вале ман зиқ нестам. Аз корвон берун нарафтаам. Дар тӯю маърака ҳастам. Эҷод мекунам. Яъне дар қофилаи ҳамин корвон ҳастам ҳанӯз.

— Дар телевизионҳо низ шуморо намебинем…

— Маро аз соли 2016 ба инҷониб, то ҳоло дар ягон барнома даъват намекунанд. Ва агар нофаҳмида дар ягон чорабинӣ маро ногаҳон сабт карда монанд, қайчӣ мекунанд. Фақат “Сафина” гоҳ-гоҳ аз ман мусоҳиба мегирад. Вале суруди ман аз ягон шабака пахш намешавад.

— Чаро?

— Ба ин савол ҳам посух надорам…

Ба хотири рӯзгузаронӣ

— Дар солҳои 90-ум ба тиҷорат машғул шудед? Чаро ин соҳаро давом надодед? Шояд имрӯз сарватманд мебудед…

— Тиҷорати ман на ба хотири сарватҷамъкунӣ, балки барои рӯзгузаронӣ буд. Вақти ҷанги шаҳрвандӣ мардум хурсандӣ, маърака ва тӯю тамошо намекарданд. Зеро як хона пас азо буд. Мардум ғамдор буданд, ба дилашон хурсандӣ намеғунҷид. Ману шавҳарам, ки санъаткор ҳастем, тамоман бекор мондем. Бинобар ин, маҷбур шудем ба кори савдо гузарем. Шукр, ки оҳиста-оҳиста кишварамон тинҷ шуд ва ба санъат баргаштем.

— То ҷое огоҳем, шумо дар кӯча савдо мекардед. Шумо — ҳунарманди машҳур, чӣ тавр инро ба худатон раво дидед?

— Ман танҳо набудам. Он солҳо дар бозору кӯчаҳо профессорон ва одамони намоёнро зиёд дидан мумкин буд. Қариб ҳамаи мо чунин будем. Чӣ қадар актёрони машҳури мо дар қуттича сақич, қанд ё ҷорӯб мефурӯхтанд. Афсӯс, ки телефони мобилӣ набуд, то ин фоҷеаро барои таърих сабт кунем. Дигар роҳ набуд. Фарзандонро бояд таъмин мекардем. Шикамро фиреб карда намешавад…

Роҳи душвори илм

— Шумо феълан номзади илм, муаллифи китобҳо ва мақолаҳои сершумор ҳастед. Чӣ зарурат пеш омад, ки ба ҷодаи илм равед?

— Ман пештар мехостам, ки таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳам, вале дар даврони Шӯравӣ интихоб мемонданд: ё илм ё кор? Аслиддин Низомов дар даврони донишҷӯйӣ мегуфтанд, ки “назарияи мусиқиро нағз медонӣ, аспирант шав”, вале ман сарояндагиро интихоб кардам. Вале чун Истиқлоли кишвар шароит фароҳам овард, ман ба кори илмӣ машғул шудам. Вақте Консерваторияи миллӣ таъсис ёфт, аксари муаллимони факултаи санъати сарояндагии Донишкадаи санъат ба он ҷо рафтанд. Бо пешниҳоди ректор Аслиддин Низомов ман ба шуъбаи сарояндагӣ ба сифати муаллими ҳамкор даъват шудам. Он замон роҳбари ансамбли “Чаман” будам. Вақте аспирантура кушода шуд, ман орзуямро амалӣ кардам. Он вақт қариб 50-сола будам. Бисёриҳо мегуфтанд, ки ба ту чӣ даркор, вале азми ман қатъӣ буд. Зеро дар донишкада ман ҳуқуқи лексия хондан ба донишҷӯро надоштам. “Рав, сурудата хон” мегуфтанд баъзеҳо. Бинобар ин, ба таҳқиқоти илмӣ пардохтам ва доир ба нақши занон дар рушди санъати тоҷик рисолаи илмӣ навиштам.

— Бароятон нишастан дар китобхона, таълифи рисолаи номзадӣ ва дифои он душвор набуд?  

— Навиштан душвор набуд, вале пеш аз ҳимоя хеле азият кашидам. Зеро аҳли илм маро ҳамчун сароянда мешинохтанд, умуман тасаввур намекарданд, ки ман дониш дорам. Бинобар ин, назди ҳар яки онҳо бояд имтиҳон месупоридам ва исбот мекардам, ки рисоларо худам навиштаам. Ҳимоя ҳам осон набуд. Шӯрои ҳимояи маро академик Раҳим Масов роҳбарӣ мекарданд. Вақти ҳимояи ман толор пур шуд. Аз рӯйи меъёр 5-6 савол бояд диҳанд, вале маро саволборон мекарданд. Чунин муносибат Раҳим Масовро асабӣ кард. Он кас гуфтанд: “Успокойтесь коллеги. Она варилась в этом котле. Она сама история. Она народная артистка, значить профессор в своей сфере”…

Ҳамин тавр, барои дар байни олимон эътироф шудан, вақти зиёд сарф шуд. Соли 2015 ҳимоя кардам, вале як-ду соли охир қабул карданд, ки ман олим ҳастам. Ҳоло камакак нисбати ман меҳрубонтар ҳастанд.

— Соли гузашта дар расонаҳо хабар нашр шуд, ки ВАК додани унвони дотсентиро ба шумо рад кардааст…

— Бале. Айни замон ман ягона ҳунарманди номзади илм ҳастам. Барои дигар ҳунармандон аз рӯйи фаъолияти педагогӣ ва унвонашон мақоми дотсентӣ ва профессорӣ медиҳанд. Вақте маро ҳамчун ҳунарпеша пешниҳод карданд, ВАК гуфт, ки унвон дорад, ҳамчун олим пешниҳод кунед. Вақте пешниҳод кардем, боз ҷавоби рад омад, ки дастури таълимӣ надорад. Ҳоло дастури таълимӣ ҳам нашр кардам. Теъдоди китобу мақолаҳоям ҳам кам нест. Шояд акнун медиҳанд.

— Рисолаи докторӣ ҳам менависед?

— Намедонам. Вале агар умр имкон диҳад, аниқ китобу мақолаҳои зиёд хоҳам навишт. Зеро нақшаҳои зиёд дорам.

Суҳбатнигор: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *