Азизу Раҳима

Ҳаёту кори блогерони тоҷик дар Туркия

Блогери тоҷик Илҳом Фозилов дар ютубканали худ мусоҳибаи муфассалеро бо блогерони машҳури тоҷик Азиз ва Раҳима нашр намуд.

— Мо фахр мекунем, ки тоҷикем, вале бисёриҳо фикр мекунанд, ки мо шарм медорем, ки бо забони худамон гап намезанем. Сабаби асосии бо забони русӣ гап заданамон он аст, ки аудиторияи мо аз чанд давлат моро тамошо мекунанд,- гуфтанд дар мавриди нофаҳмиҳои забонӣ.

Азиз ва Раҳима нақл мекунанд, ки қиссаи шиносоиашон ҳанӯз аз давраи мактабӣ аст. Аниқтараш, омодагӣ ба иди муаллимон сабаб шудааст, ки онҳо бо ҳамдигар аввал дӯст ва баъд дӯстдоштаву ҳамсафари ҳаётӣ гарданд.

— Соли 2020 дар Туркия 4 моҳ ҳеҷ кас берун намебаромад. Бекор мешиштем. Дигар блогеронро тамошо мекардем, вале худамон ҷуръат намекардем. Пасон ба фикре омадем, ки ба тоҷикон роҳи таҳсил кардан дар Туркияро меомӯзонем, вале тамошобини хуб намегирифт. Пасон чанд “тренд”-ро дар ТикТок такрор кардем ва мардум зиёд таваҷҷуҳ карданд. Ҳамин тавр, блогер шудем,- нақл мекунанд онҳо.

Мусоҳибон нақл мекунанд, ки то ҳол ба сарашон фикри тарки блогинг наомадааст ва онҳо ҳар моҳ аз 5 ҳазор доллар боло кор мекунанд.

Ба наздикӣ Азиз ва Раҳима дар Туркия хонаи сеҳуҷрагӣ хариданд. Онҳо ин хариди калонашонро чунин шаҳр доданд:

— Мо имкон ёфтем, ки дар ин ҷо қарзи бефоиз гирем ва гирифта, хона харидем. Шукр, то ҳол аз ҳисоби даромадҳоямон қисми зиёди қарзамонро додем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *