Ҳиҷоб дар ҷои ҷамъиятӣ иҷозат дода шуд
Узбекистон ба пӯшидани ҳиҷоб ё либоси мазҳабӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат дод. Ин кор пас аз он имконпазир шуд, ки Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, рӯзи 5-уми июл тарҳи нави қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро имзо кард.
Қонуни пешина, ки дар замони раҳбарии Ислом Каримов, президенти собиқи Узбекистон, қабул шуда буд, ба бар кардани либоси мазҳабиро (ба истиснои ходимони дин) дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мекард. Барои вайрон кардани ин банди қонун шаҳрвандонро ҷарима мебастанд ё муддате ба ҳабс меандохтанд.
Дар шакли нави қонун “манъи пӯшидани либосҳои динӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ” ихтисор шудааст. Аммо гуфта мешавад талабот ба либоси кормандони давлатӣ бар асоси низомномаи дохилии ҳар ниҳод танзим карда мешавад.
Дар шакли нави қонун, ки Шавкат Мирзиёев имзо кардааст, ҳамчунон сабукиҳои дигар, аз ҷумла дар таъсиси иттиҳодияи динӣ аз ҷумла масҷидҳо ҷорӣ карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ