Ҳикматой — хоҳари Турсун Ӯлҷабоев даргузашт (аудио)

Ҳикматой Ӯлҷабоева, хоҳари шодравон Турсун Ӯлҷабоев аз олам даргузашт. Марҳум 90 сол дошт ва дар ҷамоати деҳоти Зайнаббибии ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекард. Дар бораи марги номбурда духтараш Гулчеҳра Худойбердиева дар Фейсбук хабар дод.

Номи Ҳикматой Ӯлҷабоева ду сол қабл расонаӣ шуда буд. Соли 2020 баробари оғоз шудани корҳои таъмиру азнавсозии НБО “Норак” дар кишвар лимит ҷорӣ шуд. Аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Зайнаббибии ноҳияи Рӯдакӣ маҳдудиятҳои барқ ба вуҷуд омад. Хоҳари Турсун Ӯлҷабоев, ки НБО “Норак” номи ӯро дорад, дар пиронсолагӣ аз бебарқӣ азият кашид ва ин машкилашро дар ВАО ба миён гузошт. Дар мавриди рӯзгори хоҳари Турсун Ӯлҷабоев маълумоти зиёде дар даст нест.

Турсун Ӯлҷабоев ходими номвари давлативу сиёсӣ дар Тоҷикистони Шӯравӣ дар вазифаҳои баланд фаъолият дошт. Котиби якуми Кумитаи Марказии ИЛКҶ (комсомоли) Тоҷикистон (1941—1945), котиби якуми кумитаҳои ҳизби коммунисти вилоятҳои Сталинобод, Кӯлоб ва Ленинобод (1950—1954), котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (1954—1955), Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1955—1956), Котиби якуми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон (аз майи соли 1956 то апрели соли 1961) вазифаҳои баланди ӯ ҳастанд. Маҳз бо ташаббусу сарварии Турсун Ӯлҷабоев соли 1960 сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Норак ҷомаи амал пӯшид.

Моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *