Ҳикматёри намакношиносро чӣ гуна Ҷаноби олӣ наҷот дода буд?
Ин таърихест, ки бори аввал расонаӣ мешавад. Ба нақл аз як узви собиқи Ҳукумати Тоҷикистон:
Соли 1995, вақте ҳамаи мавқеъҳои Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр аз ҷониби Толибон ишғол шуданд, ӯ хост ба Мулло Умар, роҳбари Толибонбайъат кунад, аммо Мулло Умар ин дархости Г.Ҳикматёрро рад намуд. Он гоҳ рубоҳи акнун пир, худро ба домани Б.Раббонӣ ва А.Масъуд зад, ба Кобул паноҳ овард ва сарвазири Афғонистон таъйин шуд.Соли 1997 вақтетолибон Мазори Шарифва Толуқонротасарруфнамуданд, устод Раббонӣ Абдулраб Расули Сайёф муовини раиси ҷумҳурӣ ва Гулбиддини Ҳикматёрро бо худаш ба Душанбе овард. Баробари ворид шудани ин ду нафар ба Душанбе боиси норизояти ҷониби Русия шуд. Идораи кашфи марказии Русия дастур гирифт, то Г.Ҳикматёрро, ки дар ҷиноятҳои ҷангӣ ва куштори асирони Шӯравӣ муттаҳам мешуд, дастгир кунад.
Аммо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун кафили ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, бо риояи ҳукми меҳмоннавозӣ ва ҳамсоядорӣ, бо камоли дирояту ҷавонмардӣ ва усули айёрони хуросонӣ масъаларо ҳал кард ва нагузошт, ки осебе ба шарофат ва ҳайсияти инсонии “меҳмон”-и нохонда бирасад ва заминаи рафтани ӯ ба хориҷ аз Тоҷикистонро фароҳам кард. Метавон гуфт, ки ӯро аз марги ҳатмӣ наҷот дод. Ӯ ба Эрон рафт ва А.Сайёф дубора ба Афғонистон, ба минтақаи таҳти назорати А.Масъуд баргашт.
Аммо ба муҷарради расидани пояш ба Эрон эълон кард, ки А.Масъуд мехост ӯро бикушад, вале ӯ наҷот ёфт. Аммо дар ҳақиқат ӯ дар дасти А.Масъуд ба ҳукми асир буд ва куштанаш осонтар аз куштани як мурча буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ