Ҳила ё тарзҳои нави пулситонӣ?

Мегӯянд, ки бори сеюм ё чорум аст, тоҷикон аз нофаҳмию нодониашон шиноснома иваз карда мегарданд. Паси ин маблағсарфкунии маҷбурии мардуми нодору камбағал кадом манфиатҷӯён, мафия ё гурӯҳҳои қаллоби пулситонӣ пинҳон бошанд? Ё ин ҳам як ҳилаи навбаромади манфиатҷўӣ аст?

Ё ин ки бо баҳонаи аз русӣ ба тоҷикӣ, аз тоҷикӣ ба байналмилалӣ монанд шудан рақамҳои давлатӣ иваз шудан доранду ронандаҳо намедонанд додашонро ба кӣ гӯянд? Ҳаминаш ҳам як манбаи бойшавии ягон тоифаи гушнапушт- дия.

Номивазкунии деҳаю шаҳру ноҳияҳоро гӯед. Ноҳияи Куйбишеви русиро бо мақсади ҳифзи қонуни забон се маротиба  ном монданду ном монданду ном монданд. Акнун  ҳисоб кунед, ки дар ин қадар номивазкуниҳо чӣ қадар коғазу муҳру ҳуҷату ҳоказоҳо аз наву аз наву аз нав шуданд. Боз ҳисоб кунед, ки Ваҳдат, Спитамен, Деваштич, Кӯшониён, Ҷайҳун, Бохтару Истиқлолу Балхию ва боз 25 шаҳру ноҳияҳои дигар аз ду то семаротибагӣ ном рӯи номро соҳиб шуданд. Деҳаю маҳаллаҳоро намегӯед. Аз бепарвоӣ, фориғболӣ, саҳлангарӣ, бетаваҷҷуҳии  Кумитаи забон ва истилоҳот даҳҳо деҳот, ҷамоатҳо номҳои якхелаи  Истиқлол, Ваҳдат, Бӯстон, Навобод, Сулҳобод, Заркамар, Зарнисор, Гулистон, Бӯстон соҳиб шудану соҳиб шудан доранд.

Дар дунё чӣ бисёр ҳила. Ҳоло боз кадом ҳилаи навро кашф кунанд, ки ҳуҷҷатҳои ронандагиро низ иваз намоянд.

Бародаро, хафа нашавед. Вақте нафс калон шуду ҷиғилдон бетаг чӣ ҳилаю найрангҳое,  ки фикр карда намебарорӣ.

Лекин илтимос, дар бораи сабабҳои болоравии нархи газу гӯшт напурседу саргардон ҳам нашавед. Ин ҳилаҳо ҳам сирри махфианд. Махфӣ!

Нурулло Ҳасанов,

рузноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *