Ҳилолбӣ Қурбонзода

Ҳилолбӣ Қурбонзода: Толибон моро ба асри миёна мебаранд

— Вазъи озодии занон дар кишвари Афғонистон дар ҳолати номуайян қарор дорад. Имрӯз дар сарҳади мо кӣ аст? Толибон! Толибон ҳуқуқи занҳоро поймол мекунанд. Барои занҳо иҷозаи таҳсил намедиҳанд. Толибон моро ба асри миёна мебаранд ва ин барои занҳо як хатар аст,- гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода — раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ зимни нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи мавсуф, “дар Тоҷикистон нақш ва мавқеи занон дар ҷомеа ҳамеша мавриди назар гирифта мешавад. Масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон яке аз масъалаҳои рӯзмарра ба ҳисоб меравад. Дар чанд соли охир шумораи дохилшавандагон ба муассисаҳои таҳсилотӣ олӣ ва миёнаи касбӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар соли 2018 нишондоди дохилшавандагон 35,8 фоиз бошад, соли 2022 ба 46% расидааст”.

Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки Кумита ба занҳои ниёзманд кумак мерасонад: “Ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон бо дастгирии шарикони рушд ёрӣ медиҳем”.

Дар баробари ин, раиси Кумита изҳор намуд, ки ба оилаҳои аз Сурия баргашта ва оилаҳои фавтидагону маҷруҳони ҳодисаҳои марзӣ кумаки моддӣ расонидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *