Ҳиндустон барои Тоҷикистон роҳ сохта истодааст
Сохтмони роҳи автомобилгард воқеъ дар маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон аст. Ин роҳ 9,2 километр буда, 50 то 70 метр паҳноӣ дорад. Маблағи хароҷоти роҳ 46,5 миллион доллар ба нақша гирифта шудаааст. Айни замон кор дар қитъаҳои 2 ва 3 бо дарозии 5 км идома дорад.
Дар ин бора Ҷамшед Табарзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 17-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Аммо гуфта нашуд, ки ин роҳ кай мавриди истифода қарор мегирад.
Бино ба иттилои масъулини шаҳри Душанбе, соли 2021 тибқи шартномаи баимзорасида 10 адад автобуси дуошёна ва 50 адад автобуси тамғаи «AKIA» бо дарозии 8 метр аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардид.
Бояд гуфт, ки то имрӯз 10 автобуси дуошёна ва 20 адад автобуси мусофиркаш мавриди истифодаи сокинону меҳмонони пойтахт қарор гирифтаанд. Ҳоло 30 адад автобуси боқимондаи тамғаи «AKIA» дар ширкати мазкур банду баст гардида истодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ