Ҳиндустоние, ки COVID-ро пешгӯӣ карда буд, ошкор намуд, ки Русияро дар оянда чӣ интизор аст
Наврасе аз Ҳиндустон — Абигя Ананд ғайбдони нотакрори нав ҳисобида мешавад. Ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2019 ӯ дар бораи бемории даҳшатборе сухан ронда буд, ки ҳазорон нафар дар саросари ҷаҳон аз ин беморӣ азият мекашанд. Маҳз пас аз ин пешгӯӣ ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард.
Аммо, ин пешгӯии ягонаи ӯ набуда, балки ба оянда фарохтар дидадӯзии ӯро собит месозад. Вай инчунин дар бораи ояндаи Русия, ИМА, Ҳиндустон ва бисёр кишварҳои дигар назари худро баён кард. Ба гуфтаи ин ғайбдони наврас, давраи ояндаи Далв ба беҳбуди вазъи иқтисодии ҷаҳон мусоидат мекунад.
Барои Русия замони махсусан мусоид фаро мерасад. Дар баробари ин Штатҳои Муттаҳида ва Ҳиндустон рӯзҳои душворро аз cap мегузаронанд. Ҳатто бе катаклизмҳо. Дар ин кишварҳо обхезиҳои шадид ба амал омада, мардуми бисиёре бехонаву ҷой мемонанд.
Дар Русия танҳо ҳодисаҳои хурди обхезӣ мушоҳида мешавад, ки кам касон аз он зарар мебинанд. Аммо дар кишварҳои Африқо дар пасманзари ин обхезӣ ва дигар фалокатҳо ба амал меоянд, ки ин кишварҳоро ба гуруснагӣ дучор хоҳанд намуд.
Абигя Ананд боварӣ дорад, ки дар тамоми ҷаҳон бо ҷамъоварии ғалла мушкилот ба амал меоянд ва мардум азият хоҳанд кашид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ