Ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ ва имкониятҳои Амонатбонк
25 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Фаъолияти фаҳмондадиҳии муҳтаво ва муҳиммияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва фаъолияти волонтёрон дар бонкҳои давлативу ғайридавлатии ҳудуди шаҳри Душанбе” семинари машваратӣ-омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар рушди босуръати технология ва тағйирёбии ниёзҳои иҷтимоӣ муҳокима шуда, аҳамияти пардохтҳои ғайринақдӣ дар ташаккули иқтисодиёти рақамӣ ва идоракунии самараноки амалиётҳои молиявӣ таъкид гардид. Ба ин раванд шомил гардонидани волонтёрон қадами муҳиме дар рушди устувори равандҳои муосири технологӣ ҳисобида шуд.
Таъкид гардид, ки чорабинии мазкур ба иштирокдорон имкон медиҳад, ки дониши худро доир ба ин мавзуъ амиқтар намуда, маълумотҳои азхуднамударо дар фаъолияти минбаъда васеъ истифода баранд.
Дар кори семинар мутахассисони КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Нуралӣ Ибодов ва Фахриддин Холматов доир ба мавзуи “Ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ ва имкониятҳои Амонатбонк”, бо рӯнамо баромад карда, волонтёронро барои фаъолият ба ин бонки мардумӣ даъват намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ