Ҳисор нақшаи буҷетро барзиёд иҷро кард

Нақшаи қисми даромади беҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар соли 2024 –ум 229 миллиону 842 ҳазору 498,8 сомонӣ иҷро гардид. Ин дар ҳолест, ки  нақша  226 миллиону 920 ҳазору 747 сомонӣ буд. Яъне, ба беҷети маҳаллӣ 2 миллиону 921 ҳазору 751,8 сомонӣ бештар ворид шудааст.

Ин маълумот дар нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода садо дод.  

Ҳамчунин, Ҷаббор Носирзода гуфт, ки қисми даромади беҷети суғуртаи иҷтимоӣ дар ин давра 78 миллиону 90 ҳазору 990 сомонӣ пешбинӣ шуда буд, аммо ба буҷет 83 миллион 767 ҳазору 179,1 сомонӣ ворид гардид. Яъне, нисбат ба нақшаи пешбинигардида 5 миллиону 676 ҳазору 189,1 сомонӣ зиёд аст.

Дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки ҳоло дар шаҳри Ҳисор 9145 субъекти хоҷагидор фаъолият менамоянд. Нисбат ба соли 2023 –юм 284 субъект бештар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image