Ҳоҷӣ Маҳмуд боз ба ду оила дар Душанбе хона дод
Дар арафаи Соли нави мелодӣ соҳибкори муваффақ Маҳмудҷон Муродов боз ба ду оилаи камбизоат дар шаҳри Душанбе манзизи истиқоматӣ туҳфа кардааст.
Ин хонаҳо ду ҳуқрагӣ буда, дар кӯчаи Шарифҷон Ҳусейнзодаи пойтахт ҷойгир аст. Маҳмудҷон Муродов дар баробари тақдими хона, ба аъзои ин хонавода сарулибос тақдим намудааст.
Маҳмудҷон Муродов, раиси ширкати сохтмонии “Сарманзил” буда, бештар дар маркази шаҳр ба бунёди хонаҳои истиқоматии баландошёна машғул аст. Ӯ моҳи майли соли равон низ ба се нафар аз оилаҳои ятим, аз ҷумла Раъно Раҳимова, Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам дар бинои навбунёд воқеъ дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур хона дода буд. Ин соҳибкор, ки миёни мардум бо номи Ҳоҷӣ Маҳмуд маъруф аст, дар арафаи идҳои Фитр ва Қурбон имсол ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ