Ҳоҷӣ Маҳмуд Ситора ва 4 фарзандашро соҳиби хона кард (видео)

Соҳибкори  саховатпеша ва роҳбари ҶДММ «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов ба Ситора Сафарова ва чор писари ӯ дар маркази шаҳри Душанбе манзили истиқоматӣ тӯҳфа кард.

Қаблан сомонаи Pressa.tj аз рӯзгори вазнин ва дар шаҳри Новосибирск бесарпаноҳ мондани фарзандони ноболиғи Ситора гузориши видеоӣ омода карда буд. Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов ин видеоро тамошо карда, тасмим гирифт, ки ба ин оилаи эҳтиёҷманд дасти ёрӣ расонад.

Баъди ин қадар мушкилоту азобҳо Ситора соҳиби манзили истиқоматӣ гардид. Акнун ӯ ва чор писараш дар ин хонаи тозаву озода, барҳаво, шинам ва дорои тамоми шароит барои зисту зиндагӣ иқомат мекунанд. Дигар Ситора ба кучаҳо ба савдо намебарояд, гапшунави мардум намегардад ва дар назди одамон сар хам намекунад, то пул диҳанду нон барои хӯрдан бихарад.

Шодии фарзандони Ситора ҳаду канор надорад. Ҳамаашон бо либоси зебову шинам ба мактаб мераванд. Аҳли ин оилаи ранҷкашида минатдории худро ба давлату Ҳукумат ва соҳибкори саховатпешаву дурандеш Маҳмудҷон Муродов баён медоранд, ки ба онҳо дасти сахои худро дароз намуда, соҳиби хонаи истиқоматиашон гардонид.

Ёдовар мешавем, ки хонаи истиқоматии Ситора дар маркази пойтахт ҷойгир буда, аз се ҳуҷра – меҳмонхона ва ду хонаи хоб, ки якеаш барои кӯдакон мебошад(126 метри мураббаъ), иборат аст.

 Манзил аз ҷониби соҳибкор бо тамоми шароити замонавӣ, аз ашёи рӯзгору хониш то таҷҳизот ва маводи мавриди ниёзи аввал таъмин карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *