Ҳоҷифиреб. Ду ҷавон дар ҷустуҷӯянд

Мақомот ду нафареро муайян кардааст, ки ба фиреби мардум машғул шудаву маблағҳои гуногунро тасарруф кардаанд.

Зимни пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Фирдавсов Фирдавс Қиёмиддинович, соли таваллудаш 2004, бо ҳамроҳии Ҳасанов Навруз Ҳасанбоевич, соли таваллудаш 1998, сокинони шаҳри Душанбе, бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯйистифодаи боварӣ ба эътимоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даромада, ҷиҳати фиристонидани онҳо ба зиёрати Ҳаҷи фарзӣ дар соли 2023 аз ҷабрдидагон маблағҳои гуногунро тасарруф намудаанд.

— Вобаста ба ҳолати содиршавии ҷинояти қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Бинобар ин аз шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии ин нафарон ҷабр дидаанд, ё дар бораи ҷойи буду боши Ҳасанов Навруз Ҳасанбоевич ягон маълумот доранд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки тариқи телефонҳои 901-50 00 51, 939 92 76 16 ва 221 01 49 ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД муроҷиат намоянд,- афзудааст ин манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *