Ҳодисаҳои ду рӯзи гузашта: Тармаву сел, ярчи харобкор ва чанд роҳи то ҳол баста
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17-уми марти соли 2022 соати 10:15 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти ба номи К. Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Бар асари ин ҳодиса ду хонаи истиқоматии сокинон ва иншооти ёрирасон пурра хароб шудаанд. Хушбахтона, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надоштааст. Ҳамчунин, дар натиҷаи лағзиши тарма 100 метр роҳи мошингард ва 350-400 метр хати интиқоли нерӯи барқ хароб шудааст.
Ҳамчунин, 17-уми март бар асари лағзиши тарма дар қаламрави деҳаи Миденшори ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон молхонаи як сокини ин русто зарар дидаву се сар чорвои хурд ҳалок шудааст. Барои муайян кардани ҳаҷми зарари расида дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад.
Дар натиҷаи боронҳои пуршиддати рӯзҳои охир рӯзи 17-уми март, соати 10:20 дақиқа сатҳи оби сой баланд шуда, пули мошингузари ҷамоати деҳоти Ёрӣ, ки деҳаи Ёриро бо деҳаи Миндонаи ҳамин ҷамоат мепайвандад, хароб кардааст. Бо ҷалби 1 адад техникаи муҳандисӣ аз МДНРА-и шаҳр корҳои барқароркунӣ идома дорад.
Рӯзи 18-уми марти соли равон, тахминан соати 05:30 дақиқа дар километри 266-уми мавзеи Яхчикули ноҳияи Ш. Шоҳин шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ярч ба дарозии 30-35 метр фаромада, роҳро бастааст. Корҳои бартараф намудани паёмадҳои ин ҳодиса бо ҷалби техникаи махсус идома дорад. Роҳ муваққатан баста аст. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надоштааст.
18-уми марти соли 2022 наздик ба соати 02:00 дар километри 423 роҳи мошингарди Кӯлоб — Шоҳин — Дарвоз, дар наздикии деҳаи Поршхар, ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвози ВМКБ резиши санг ба қайд гирифта шудааст. Талафоти ҷонӣ нест. Роҳ муваққатан баста аст ва поксозии он идома дорад.
Манбаъ ёдовар шудааст, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, то 20-уми марти соли равон дар қаламрави кишвар ҳаво боронӣ хоҳад буд. Хатари болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, лағзиши тармаву резиши санг ва ярч зиёд аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват намудааст, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ