Холиқзода аз фаъолияти Бонки исломӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ кард
Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар соли 2021 ҳамагӣ 34 миллион сомонӣ аз ҷониби Бонки исломӣ дар Тоҷикистон қарз пешниҳод шудааст.
Ӯ гуфт, ки ин маблағ хеле нокифоя аст, зеро оинномаи Бонки исломӣ дар Тоҷикистон 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ба назари Ҳоким Холиқзода, баъзе мушкилот, аз ҷумла дар Кодекси андози қаблӣ дида мешуд, ки ба фаъолияти Бонки исломӣ дар Тоҷикистон монеа пеш меовард. Ӯ шарҳ дод, ки “мо дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои блоки иқтисодӣ дар комиссияи Кодекси андоз дар таҳрири нав иштирок доштем, вобаста ба ин тамоми монеаҳоро бартараф кардем. Умедворем, ки минбаъд пешниҳоди қарз аз ҷониби Бонки исломӣ ба мизоҷон бештар мегардад”.
Ёдовар мешавем, ки дар низоми Бонки исломӣ дар Тоҷикистон “Тавҳидбонк” фаъолиятро пеш мебарад.
Бонкдории исломӣ – ин фаъолияти миёнаравии молиявии ба меъёрҳои шариатӣ асосёфта мебошанд. Ин як навъ фаъолияти тиҷоратӣ-молиявиест, ки дар кори он истифодаи консепсияи “фоизи қарз” инкор карда шуда, консепсияи “фоида” эътироф карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ