Ҳоким Холиқзода бо ҳайати  Бонки Осиёии Рушд мулоқот кард

Дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода бо Директори алтернативии Шурои директорони Бонки Осиёии Рушд Ним Дорҷи  баргузор шуд.

Ҷонибҳо маблағгузории лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар бахшҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоиро баррасӣ намуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар мулоқот ҳамзамон самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла нақлиёту энергетика, кишоварзӣ ва тандурустӣ муҳокима гардиданд.

Мулоқот дар ҳошияи сафари ҳайати Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон, ки аз 26 то 31 август идома меёбад, баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки дар доираи сафар ба Тоҷикистон Директори алтернативии Шурои директорони Бонки Осиёии Рушд бо иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун», Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва санитария, Лоиҳаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар, низоми обтаъминкунии ноҳияи Рӯдакӣ ва иншооти тандурустӣ шинос мешавад.

Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар 26 соли ҳамкорӣ бо ҷумҳурии мо портфели маблағгузории бонк ба Тоҷикистон 187 лоиҳаро ба маблағи умумии 2,5 миллиард доллари амрикоӣ ташкил медиҳад.

Бонки Осиёии Рушд ҳоло ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон дар доираи 16 лоиҳа 950 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *