Ҳомид Ҳошимзода: Донишҷӯёни факултети муштарак соҳиби ду диплом мешаванд
Хатмкунандагони факултети муштарак дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби ду диплом мешаванд.
Дар ин бора ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти ӯ, ҳоло дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи факултетети муштарак бо Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд 330 нафар муҳассилин аз рӯйи 3 ихтисос: “молия ва қарз”, “кори бонкӣ”, “баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит” таҳсил менамоянд.


Гуфта шуд, ки ин дар факултети муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд аз рӯйи барномаи 3+1 дар шуъбаи рӯзона ва 3+2 дар шуъбаи ғоибона кадрҳо омода карда мешаванд.
Дар факултети мазкур раванди таҳсил бо забони русӣ аз ҷониби омӯзгорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд амалӣ мешавад.
“Дар бинои таълимӣ 14 синфхонаи бо таҷҳизоти муосири техникӣ таҷҳизонида шуда, як синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст. Барои гузаронидани онлайн-машғулиятҳо тахтаҳои электронӣ, вебкамера ва ноутбукҳо мавҷуданд”,-гуфт ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода.
Ба таъкиди ректор, донишҷӯёни факултети муштарак пас аз таҳсил дар Тоҷикистон ва Узбекистон соҳиби ду диплом мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ