Ҳомид Маҷидов: Гузашт кардан дар илм хиёнат аст

Олимону донишмандони асилу рӯзгордида афроди нодиру ноҷиёни муътабар ва бо хислату рафтори худ нотакроранд. Онҳо бо нури маърифати хеш зиндагии дигаронро рангину мунаввар месозанд.  

Яке аз ин гуна ходимони барҷастаи илм ва дар ин ҷода муваффақ, ки бо фаъолияти пурсамари беш аз нимасраи худ тавонистанд дар бахши забоншиносии тоҷик мактаби худро таъсис диҳанд, олим, забоншинос ва муҳаққиқи варзида, Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳомид Маҷидов мебошанд. Фаъолияти илмиву тадқиқотии устод Ҳомид Маҷидов аз ибтидои нимаи дуюми асри гузашта оғоз шуда, фарогири муҳимтарин масъалаҳои забоншиносии тоҷик аст.

Устод Ҳомид Маҷидов дар забоншиносии тоҷик ҳамчун муҳаққиқи соҳибназар ва соҳибмактаб шинохта шуда, яке аз аввалин бунёдгузорони таълимот дар бораи назарияи фразеология ва муҳаққиқи бахши луғатшиносӣ дар забони тоҷикӣ ба ҳисоб мераванд. Ба қалами устод Ҳомид Маҷидов асару мақолаҳои зиёди илмию тадқиқотӣ (зиёда аз 400 номгӯй) тааллуқ дошта, шахсияти дар ҷодаи илм муваффақ ва нисбат ба шогирдон сахтгир буданд. Гуманизму инсонпарварӣ ва инсондӯстӣ барои устод Ҳомид Маҷидов маънои ба худ хос дошт, вале ҳеҷ гоҳ дар ҷодаи илму тадқиқот эшон инсонпарвариро бо илм омехта намекарданд, ба хотири эҳтироми шахсият ва арзишҳои волои инсонӣ дар ҷодаи илм аз камбудӣ чашм намепӯшиданд ва ҳаргиз гузашт намекарданду гузашт карданро ҳам қабул надоштанд.

Устод Ҳомид Маҷидов дар масъалаи илм гузашт карданро ба шогирд ё шахси дигар хиёнат ба инсону арзишҳои волои инсонӣ ва ҷавҳари муқаддаси илм ҳисобида, онро амали ғайриинсонӣ ва ҷурми нобахшиданӣ мешумориданд. Устод шогирдони мактаби хешро ҳамеша ба ҷиддияту ростқавлӣ, садоқат ба касб ва дар ҷодаи илм ҳақиқатпарастиву дар гуфтани ҳақиқат наҳаросиданро ташвиқ ва ҳамзамон аз онҳо талаб менамуданд. Дар ҳолати аз ҷониби шогирдон сар задани ягон камбудӣ ё коре, ки бар хилофи хислатҳои зикршуда бошад, бе он ки амали онҳо бахшида шавад, мавриди сарзаниши устод қарор мегирифтанд. Маҳз ана ҳамин сахтгириҳои беғаразу падарона ва ҳамзамон хайрхоҳиҳои устод Ҳ. Маҷидов буд, ки шогирдонашон дар руҳияи меҳнатдӯстиву ростқавлӣ тарбия ёфта, ифтихори устод гаштаанд.

Устод Ҳ. Маҷидов дар баробари сахтгириҳо ба фардияти шогирд эҳтиром ва арзиши баланд қоил буда, пайваста таъкид менамуданд, ки устод агар шогирдро ба ҷойи фарзанд монда, бо ӯ чун фарзанд муносибат накунад, дар баробари сахтгирӣ ба ӯ меҳрубону хайрхоҳ набошад, шогирд ба ҷое намерасад ва дар фатҳи қуллаи илму таҳқиқот муваффақ намешавад. Маҳз натиҷаи ана ҳамин муносибати холисона ва хайрхоҳонаи устод Ҳомид Маҷидов ба шогирдон буд, ки онҳо ба қуллаҳои мурод расида бошанд ҳам, то ҳол бо самимияти хос ёди устод мекунанд.

Устоди зиндаёд Ҳомид Маҷидов, ки 15-уми июни соли 1937 дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар оилаи аҳли зиё ба дунё омадаанд, 19-уми июни соли 2022 даргузаштанд.

Ёдатон гиромӣ бод, устоди хирадманду нуктасанҷ!

Бурҳониддин АЛОВИДДИНОВ,

Меҳроб ҲАСАНОВ, устодони ДМТ    

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *