Ҳошим Гадо: «Имрӯз дурӯғ нагуфтан қаҳрамонист!»

Ман ваъда карда будам, ки дигар ҳеҷ гоҳ бо журналистон мусоҳиба намекунам… Лекин шумо маро ба гап даровардед. Бо як шарт розӣ мешавам: ҳар чӣ мегӯям чоп мекунед, агар накардед, дар дунё намебахшаматон. Ин охирин мусоҳибаи ман аст…

Ҳошим Гадо, Ҳунарпешаи халқии СССР бо ҳамин шарт рӯ ба рӯям нишасту суҳбати мо оғоз шуд. Суҳбат куҷо… ин монологи Ҳошим Гадо буд. Ӯ мегуфту ман гӯш мекардам. Суолҳоро низ худаш медоду худ посух мегуфт… Суҳбати мо театри як актёру як тамошобинро мемонд…

Чаро ин монологро пешкаши шумо мекунам? Барои он ки ин суҳбат дард дорад, дарди дили Ҳошим Гадо, ки касе шунидан намехоҳад… Дигар ин ки ман ваъда кардам, ки ҳарфҳояшро нарезондаву начаконда нашр мекунам… Ва билохира 10 май рӯзи зодрӯзи актёр, рӯзи Ҳошим Гадост. Сӯҳроби кино ва Эдипи театри тоҷик 83 — сола мешавад.

Ҳақиқати талх

Солҳои охир аз журналистон мегурезам, онҳо аз қафоям медаванд, вале ман сар намефарорам.

-Чаро? – суол кун аз ман.

Посух медиҳам:

-Ман намехоҳам дуруғ гӯям… Барои рост гуфтан дилу гурда даркор ва барои гапи рост гӯши шунаво… Имрӯз на ин ҳасту на он. Ман дурӯғ гуфтанро нағз намебинам. Дар ин замон дурӯғ нагуфтан қаҳрамонист…

Вирусе, ки Ҳошим Гадо пешгӯйӣ кард!

Ҳошим Гадоро дар зиндагӣ набинед… Агар ӯро шинохтан хоҳед, дар театр, дар кино ва дар 300 ҷилд китобаш ҷӯед…

Имрӯз коронавирус ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ҳол он ки ман онро як сол қабл пешгӯйӣ карда будам. Соли гузашта беҳтарин асари ман таҳти унвони «Магас» чоп шуд.

…Роҳбари яке аз қудратҳои ҷаҳонӣ тамоми мушовирону олимонашро ҷамъ оварда мегӯяд: «Фалон давлат дар сохтани ракета аз мо мегузарад, технологияи он давлат пешрафтатар аз мост, бисмадон ба кайҳон меравад, чӣ кор кунем, ки ҷаҳон тобеи мо бошад?». Олиме вирусеро дар магас ҷой мекунад, то ки давлатҳои дигарро нобуд созад, вале вирус аз контрол баромада, ҳамаро мехӯрад… Дар охир ихтироъкорро низ нобуд мекунад. Робот дар муқобили вирус мехезад, вале мурча роботро низ нобуд мекунад, яъне як зарра қодир аст ҷаҳонро нобуд кунад…

Ин асарро ман соли гузашта бо донишҷӯёнам ба саҳна гузоштем, тамоми нафақаамро барои хариди либоси саҳнавӣ ва таҳияи ин намоиш сарф кардам…

Фақат баъди як сол ҳақиқати гуфтаҳои ман собит шуд. Имрӯз як зарра ҷаҳонро ба ларза овардааст…

Эпидемияи бесаводӣ

Ман 40 сол аст, ки Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дарс медиҳам. Дар ин муддат даҳ маротиба донишкадаро тарк карда рафтам. Бори 11-ум роҳбарон маро даъват карда, хоҳиш карданд, ки актёри асри XXI омода кунам…

Розӣ шудам.

Дарси аввал. Дар аудитория 28 нафар донишҷӯйи курси якум нишастаанд. Худамро шинос кардам «Ман Ҳошим Гадо Артисти халқиии СССР.  Фалон-фалон нақшҳоро иҷро кардам, фалон китобро навиштам, бо шумо дар фалон мавзӯъ дарс мегӯям.  Акнун шумо ба ман бигӯед, ки Абӯалӣ ибни Сино кист?

Ҳама хомӯш…

“Абӯалӣ ибни Сино фарзанди барӯманди халқи мо… – гуфта, тарҷумаи ҳолашро гуфтам, афзудам, ки ӯ дар ҷаҳон ҳамчун Авитсенна маъруф аст, китобҳои зиёде дар соҳаҳои мухталиф иншо кардааст ва ғайра. Ва супориш додам, ки то дарси оянда китобхона рафта, дар мавриди Ибни Сино мутолиа кунанд, дарси дигар мупурсам.

Дарси дигар. Ҳама боз хомӯш. Касе китобхона нарафтааст…

Гуфтам, хайр, Сино душвор асту дур, шумо гӯед, ки Садриддин Айнӣ кист? Боз посухе нест…

Майлаш, шумо актёршав, биёед дар бораи ҳунармандон суол медиҳам. Аввалин Артисти халқии СССР аз Тоҷикистон кист?

Боз хомӯшӣ…

Суол деҳ: — Фикри шумо чист, Ҳошим Гадо?

Посух медиҳам: — Бояд таҳлил карда шавад, ки барои чунин бесаводӣ чӣ қадар падару модар гунаҳкор, устодони мактаби ибтидоӣ чӣ гуноҳ доранд, ҷамъият чӣ таъсир гузоштааст, Вазорати маориф ва худи талаба чӣ фикр дорад?

Суол деҳ: — Чӣ бояд кард, Ҳошим Гадо?

Посух медиҳам: — Зуд чора дида шавад нисбати муаллимон. Маро бубухшед муаллимони азиз, шуморо зиндонӣ кардан лозим, маҳкама бурдан даркор. Дар пеши судя ҷавоб диҳед, ки 11 сол чӣ кор кардӣ, ки талабаат Синоро намешиносад, Айниро намедонад, дар мавриди Муҳаммадҷон Қосимов чизе нашунидааст… Магар ин гуноҳ нест? Магар ин вируси сахттар аз короновирус нест? Бинобар ин, дар баробари эпидемия коронавирус эпидемияи бесаводӣ эълон карда шавад…

Хайёмхонро занбӯр газид

10 май 83 — сола мешавам. Хостам бо шогирдони навам дар ин рӯз ба институт туҳфае омода созам. Бинобар ин, қарор додам, ки дар асоси рубоиёти Хайём як спектакл таҳия кунам. Ба шогирдон гуфтам:

“Бори аввал рубоиёти Хайёмро ҳамкурси ман, ҳунарманди маъруф Маҳмудҷон Воҳидов ба саҳна гузошта буд. Ӯ дар хондани шеър ҳамто надошт. Мо ҳам рубоиётро ба саҳна мемонем, ҳам рӯҳи Хайёмро шод мегардонем, ҳам ёди Маҳмудҷон мекунем, ҳам шумо дар саҳна кор карданро ёд мегиред ва ҳам ба зодрӯзи ман туҳфа мешавад…”.

Савол деҳ: — Чаро маҳз Хаёмро интихоб кардӣ, Ҳошим Гадо?

Посух медиҳам: — Барои он ки ба андешаи ман, дар тамоми адабиёти ҷаҳон дар паҳнои андеша касе ба Хайём баробар нест. Ӯ дар се калима даҳ ҷилд китобро ғунҷонидааст:

Аз омадану рафтани мо суде ку?

***

Пок аз адам омадему нопок шудем

Шодон бадар омадему ғамнок шудем.

***

Асрори азалро на ту дониву ман…

-Хулоса чӣ шуд? – пурс аз Ҳошим Гадо.

Ҳошим Гадо посух медиҳад:

-Рубоиётро навишта додам. Ду моҳ гузашт, донишҷӯ рубоиро аз ёд намекунад. Рубоиро дар телефон навиштааст. “Чаро аз ёд намекунӣ?”-суол медиҳам. “Телефонам гум шуд”-мегӯяд, донишҷӯ. Донишҷӯ 15 рӯз ба дарс намеояд, тамринҳои ман қафо мемонад. “Чаро намебиёӣ?”-суол мекунам. “Хоҳам мебиём, нахоҳам не”-посух медиҳад, донишҷӯ…

Як рубоихони нағзам ба дарс наомад. Ӯ кам-кам, ба баҳои 3 хонда метавонист. Пурсидам куҷост? “Занбӯр газидаст, наомад”-мегӯяд, ҳамроҳаш. О ҷойи занбӯргазидагиро молида-молида биё, тамрин қафо намонад!

О ман, муаллиматон 60 сол барои театру кино худамро дарронидам, ҳама ҷоям захмӣ шуд, дар синни 83 меоям, ту не?

Бетарафӣ

Аз донишҷӯ мепурсам:

-Ту чӣ хел ба ин ҷо афтидӣ?

-Случайно.

Дуи шумо хезед, чаро аз давлати дигар маҳз ба ин ҷо дохил шудед?

-Мо направлениягирӣ омадем.

Направления гирифта рафтанд ба ватанашон…

Ин вазъиятро дида, рафта роҳбарияти институтро оварда, пурсидам:

-Инҳоро чӣ хел қабул кардӣ?

-Мо инро қабул накардем, инҳоро компютер қабул кардагӣ…

Касеро парвое нест, вале ман наметавонам бетараф бошам.

Намехоҳам тоҷик туалет шӯяд…

Шумо боре дар мавриди “Тоҷик” фикр кардаед? Боре андешидаед, ки дар дунё фақат номи мо “тоҷ” аст. Тамоми дунё ба бузургони мо сари таъзим фуруд овардаанд. Гёте, Нитше, Пушкин, Есенин ошиқу пайрави бузургони мо буданд. Мо имрӯз Синоро намешиносам.

Чаро ин ҳарфҳоро мегӯям?

Дилам ба миллатам месӯзад.

Намехоҳам, тоҷ дар Русия роҳ рӯбад, туалети кампири русро бишӯяд, то ки се копейк гирифта, ба бачаҳояш фиристад…

Суҳбатнигор

Одил Нозир  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *