Ҳозиримом 85-сола шуд
Пайравони мазҳаби исмоилияи ҷаҳон имрӯз 85 -умин солгарди зодрӯзи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-уми худро ҷашн мегиранд.
Дар ҷашни «Мавлуд» одатан дар сатҳи маҳалу хонаводаҳо барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор мешаванд.
Дар ҷаҳон на камтар аз 20 милюн нафар пайрави маҳзаби шиъаи имомии исмоилӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса зиндагӣ ба сар мебаранд. Яке аз бузургтарин ҷамоатҳои исмоилиён дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебарад.
Ҳамасола исмоилиёни тамоми дунё ин рӯзро бошукӯҳ ҷашн мегиранд. Аммо имсол ҳам аз сабаби пандемияи коронавирус, имкони гирди ҳам омадани муридони Аълоҳазрат ғайримумкин шуд.
Муридони Аълоҳазрат тариқи паёмак ҳамдигарро шодбош мегӯянд.
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария ба дунё омадааст. Ин санаро исмоилиёни ҷаҳон чун рӯзи “Мавлуд” ҷашн мегиранд.
Аълоҳазрат Шоҳ Карим хатмкардаи Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи тавсеъаи Оқохон» (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони Севум, рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ